05:42 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Каромат Шарипов, акс аз бойгонӣ

Вакили Каромат Шарипов имрӯз аз қарори додгоҳ шикоят кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
331 0 0

Дирӯз вакили Каромат Шарипов иҷоза ёфтааст, ки дар боздоштгоҳи муваққат бо вай мулоқот кунад. Пас аз ин мулоқот вакил аз номи Шарипов аз қарори Додгоҳи ноҳияи Любертсӣ ба Додгоҳи вилояти Маскав шикоят бурдааст.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Имрӯз вакили Каромат Шарипов Алла Панкина аз қарори Додгоҳи ноҳияи Любертсӣ ба Додгоҳи вилояти Маскав шикоят бурдааст.

Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Гулбаҳор Қодирова, муншии роҳбари "Федеросюни муҳоҷирони тоҷик" Каромат Шарипов, хабар дод.

Вай гуфт, дирӯз вакили Каромат Шарипов иҷоза ёфтааст, ки дар боздоштгоҳи муваққат бо вай мулоқот кунад. Пас аз ин мулоқот вакил аз номи Шарипов аз қарори Додгоҳи ноҳияи Любертсӣ ба Додгоҳи вилояти Маскав шикоят бурдааст.

Ба гуфти Гулбаҳор Қодирова, дирӯз Додгоҳи ноҳияи Любертсӣ дархости Хадамоти муҳоҷиратии Маскав барои хориҷ кардани Каромат Шарипов аз сабти маҳалли иқоматро дар ғайбати вай баррасӣ кардааст.

"Пештар, ҳамсару фарзандони Каромат Шарипов ба додгоҳ дархостнома равон карданд, ки онҳо ҳамчун шахси сеюм дар додгоҳ ширкат карда наметавонанд ва барои ҳамин маҷлиси додгоҳ да дигар рӯз гузаронда шавад. Аммо додгоҳ инро ба назар нагирфт ва бе ширкати Шарипов, вакил ва хешовандонаш баргузор шуд", — мегӯяд Гулбаҳор Қодирова.

Вай афзуд, қарори додгоҳ нисбат ба дархости ХМР содир шудааст, вале онҳо ҳануз ин қарорро дастрас накардаанд.

"Ба далели он ки Каромат Бақоевич дар карантин қарор дорад, то дирӯз касеро ба наздашон роҳ намедоданд. Дирӯз бори аввал вакилашонро роҳ доданд. Умедворем, ки моро ҳам иҷоза медиҳанд, ки бо Каромат Шарипов дидор кунем", — афзуд вай.

Муншии роҳбари Федеросюни муҳоҷирон умедвор шуд, ки парвандаи Каромат Шарипов дар чорчӯби қонунгузорӣ баррасӣ шавад ва иттиҳомот аз ӯ бардошта мешаванд.

Барчаспҳо:
депорт, Каромат Шарипов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ