22:57 17 январи 2018
Пахши мустақим
Люди в автобусе, архивное фото

Дар Тюмен 50 муҳоҷирро аз марг дар сармо наҷот доданд

© Sputnik / Илья Питалев
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Автобусе, ки 50 муҳоҷирро аз Сургут ба Тоҷикистон мебурд, дар вилояти Тюмен шикаст ва мусофирон дар сармо наздик буд ҷонашонро аз даст диҳанд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кормандони Вазорати умури изтирорӣ дар вилояти Тюмен муҳоҷиронеро, ки бо автобус аз Сургут ба яке аз шаҳрҳои Тоҷикистон сафар доштанд, аз марг дар сармо раҳо карданд.  

"Нерӯҳои мададрасони изтирории ноҳияи Уватский имрӯз бомдод, 14 декабр иттилоъ ёфтанд, ки дар 506-ум килуметри роҳи Тюмен ба Ханти-Мансийск автобусе, ки аз Сургут ба Тоҷикистон мерафта, ба далели ях задани сӯхти дизелиаш аз кор мондааст", — хабар доданд аз равобити умумии Идораи кулли умури изтирории вилояти Тюмен.

Ин автобус 2 ронанда ва 50 мусофир дошта, ки чаҳор тан аз онҳо кӯдакон буданд.

Нерӯҳои мададрасон барои мусофирон як хаймаи гармоиш ҳамроҳ бо гурӯҳе аз пизишкон ва пулиси роҳ фиристодаанд.

Мусофиронро бо автобусҳои мактабӣ, ки аз рустое оварда буданд, ба яке аз қаҳвасароҳои канори роҳ бурдаанд ва бо дастгоҳи гармоиш сӯхти яхбастаи автобусро об кардаанд.

Ҳамзамон маълум шудааст, ки автобус мушкилоти дигари фаннӣ низ дорад ва бояд тармим шавад. Ба ин манзур аз шаҳри Сургут қисмҳои эҳтиётии лозим барои тармими автобусро оварда то субҳ онро дуруст кардаанд.

Муҳоҷирони тоҷик пас аз тармим шудани автобусашон соати 7:30 бомдод роҳашонро идома додаанд.

Мавзуъ

Ройгон: дар Маскав барои муҳоҷирони корӣ давраҳои омӯзишӣ ташкил шуд
Навори боздошти муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ
Роҳнамоии Бобои Барфӣ барои муҳоҷирон
Русия бо Тоҷикистон барои таъмини иҷтимоъии муҳоҷирон музокира дорад
Муҳоҷирони тоҷикро боз ҳам дар Оқсарой аз қатор пиёда карданд

Мавзӯъҳои асосӣ