22:58 17 январи 2018
Пахши мустақим
Каромат Шарипов, акс аз бойгонӣ

Каромат Шарипов: ҳар ҷо ки бошам аз муҳоҷирон пуштибонӣ хоҳам кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
323 0 0

Каромат Шарипов, раҳбари Федеросюни муҳоҷирони тоҷик, дар наворе, ки дар Ютуб мунташир шудааст, дар бораи ҳимоят аз ҳуқуқҳои муҳоҷирон мегӯяд

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раҳбари "Федеросюни муҳоҷирони тоҷик" Каромат Шарипов бо қарори додгоҳи Любертсӣ ба Тоҷикистон ихроҷ карда шуд.

Ин нахустин наворест, ки аз ҳузури Каромат Шарипов дар Душанбе дарак медиҳад. Дар ин навор, ки 17-уми декабр дар шабакаи Ютуб мунташир шудааст, Каромат Шарипов мегӯяд, ӯро шаби 12 ба 13 декабр аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва ӯ на аз ашхоси алоҳида балки аз низом норозӣ аст.

"Маро, ки ҳомии ҳуқуқам, собиқадори нерӯҳои мусаллаҳам, аз Русия берун карданд. Ман талаб мекунам, то Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар қонунҳоеро, ки беш аз 100 кишвари дунё имзо кардаанд, риоя кунанд. Тоҷикистон маро напартофт, ман боздошт нашудаам, ман дар инҷоям ва мехоҳам собит кунам, ки ҳақ ҳастам."

Каромат Шарипов дар идомаи суҳбаташ мегӯяд, ӯ ҳамчунон ба муборизааш барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия идома хоҳад дод.

"Мо дар куҷое ки набошем, ё дар Русия, ё дар инҷо, дар Тоҷикистон, аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик, пеш аз ҳама дар Русия дифоъ хоҳем кард."

Ҳамчунин дар ин суҳбати сарироҳӣ Каромат Шарипов хабар медиҳад, ки имрӯз, рӯзи душанбе ӯ бо сафири Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов дидор хоҳад кард. Дар баробари ин Шарипов қасд дорад, бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот кунад.

Дуктур Абдулло Давлатов, раҳбари пешини Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия қазияи боздошт ва истирдоди Каромат Шариповро ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дода буд.

Ба гуфтаи дуктур, аз бархе амалҳои раҳбари Федеросюни муҳоҷирони ИДМ Каромат Шарипов чанде аз муҳоҷирон ҳам шикоят бурда будаанд. Аммо то имрӯз ин масъала равшан нашуда буд.

"Аз ин мебарояд, ки ҳар нафаре ки даст ба ҷиноят задаст, замоне мерасад, ки ҷазои худро мегирад. Ман медонам, ки шаҳрвадони худамон ҳам замоне аз Каромат Шарипов шикоят бурдабуданд, ки дар амалҳои ғайриқонунӣ даст дорад, вале ман шигифтзада мешудам, ки агар ин тавр бошад, пас барои чӣ вай ҷазо намегирад",- қайд кард ӯ.

Аммо, Абдулло Давлатов афзуд, якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардидаини роҳбари ФМ СНГ барояш ғайричашмдошт буд.

"Барои ман тааҷубовар он аст, ки барои чӣ Каромат Шарипов аз рӯйи қонунҳои ҷории Русия ҷазо нагирифту якбора аз шаҳрвандӣ маҳрум гардид ва истирдод шуд. Ин мавзуъи дигарест", — таъкид мекунад вай.

Мавзуъ

"Хайрбод": Каромат Шарипов ба Тоҷикистон "рафт"
Вакили Каромат Шарипов имрӯз аз қарори додгоҳ шикоят кард
“Бо думи шер бозӣ намекунанд”: Абдулло Давлатов дар бораи истирдоди Каромат Шарипов
Иззат Амон дар бораи мурофиаи додгоҳӣ, боздошт ва истирдоди Каромат Шарипов ба Тоҷикистон
Каромат Шариповро ба Тоҷикистон депорт карданд
Барчаспҳо:
депорт, муҳоҷират, Каромат Шарипов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ