22:59 17 январи 2018
Пахши мустақим
Иброщим Аҳмадов. Акс аз бойгонӣ

Аҳмадов: муҳоҷирони тоҷик баробари коргарони рус музд мегиранд

© Sputnik
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
150 0 0

Намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ Иброҳим Аҳмадов дар бораи сифат ва музди кори муҳоҷирн дар Русия нақл кард

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ба гуфти Иброҳим Аҳмадов дар тӯли 20 соли ахир симои муҳоҷирони тоҷик дар Русия тағйир ёфтааст.

"Имрӯз бо боварии том гуфта метавонам, ки муҳоҷирони тоҷик дар соҳаи сохтмон ҳамто надоранд. Онҳо дар тарҳҳои муҳими сохтмонӣ кор мекунанд. Муҳоҷирони тоҷик ҳатто дар бунёди тарҳҳои олимпӣ саҳми бузург доранд", — гуфт Аҳмад Иброҳимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки сифати кори муҳоҷирони тоҷик баланд аст.

Коршисон ҳамчунин шарҳ дод, ки муҳоҷирони тоҷик арзиши кори худро хуб медонанд ва баробари коргарони сохтмони рус ва дигар халқиятҳо музд мегиранд.

"Намешавад гуфт, ки муҳоҷирони тоҷик-қувваи кории арзон ҳастанд, вале ин ки онҳо коргарони боэътимоданд, сад дар сад воқеъият дорад", — гуфт Намояндаи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ Иброҳим Аҳмадов.

Ӯ бовар дорад, маҳз барои боэътимод будани тоҷикон ба кори онҳо талабот зиёд аст.

Пештар хабар дода шуд, ки Раиси Федеросюни муҳоҷирони Русия Вадим Коженов аз фаъолияти созмонҳои тоҷикон "Нур" ва "Помир" ситоиш кард.

"Шумораи бештарини муҳоҷирон аз Узбакистон ҳастанд. Мушкили аслӣ бо онҳо набуди раҳбар-лидер ҳаст. Нестанд одамоне, ки муҳоҷиронро аз паси худ баранд. Дар ин росто бо тоҷикон осонтар аст. Созмонҳое ҳастанд, ки дар воқеъ фаъолияти хуб доранд. Масалан созмонҳои "Нур" ва "Помир". Ин созмонҳо ба кӯдакон дарс медиҳанду муҳоҷиронро ба варзиш даъват мекунанд. Ҳастанд ҳомиёни алоҳидаи ҳуқуқ, масалан Гавҳар Ҷӯравеа, ки барои пуштибонӣ аз муҳоҷирон кори зиёде мекунанд. Тоҷикон созмонёфтатарин муҳоҷиронанд", — гуфт Вадим Коженов.

Барчаспҳо:
музди кор, муҳоҷират, Вазорати кор ва шуғли аҳолӣ, Иброҳим Аҳмадов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ