23:02 17 январи 2018
Пахши мустақим
Ронандаи автобус, акс аз бойгонӣ

Имтиёзи Русия барои шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

© Sputnik / Владимир Федоренко
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
297 0 0

Коргарони муҳоҷири хориҷӣ, шаҳрванди кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (Евразия) аз аввали июли соли 2018 метавонанд бо гувоҳиномаи ронандагии миллии хеш дар бахши ҳамлу нақли Русия, фаъолият кунанд

ДУШАНБЕ, 01 янв — Sputnik. Русия дар ҳоли омадасозии муқаррароти қонунӣ ва ҳуқуқии эътои муҷаввизи ронандагӣ бо гувоҳиномаи миллӣ ба атбои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Евразия аз аввали моҳи июли соли 2018 аст.

Тоҷикистон узви ин созмони ҳамгароии минтақаӣ нест.

Қаблан Думои давлатии Русия фаъолияти коргарони муҳоҷири хориҷӣ ба ғайр аз шаҳрвандони Беларус ва Қирғизистонро ба унвони ронанда дар бахши ҳамлу нақли ин кишвар бо гувоҳиномаи миллии онон, мамнуъ карда буд.

Дар Қирғизистон ва Беларус забони русӣ ба унвони забони расмӣ дар канори забони модарӣ истифода мешавад, ки ин омил мӯҷиби истисно шудани шаҳрвандони ин ду кишвар аз қонуни доштани гувоҳиномаи ронандагии русӣ шудааст.

Акнун ба ҳадафи ташвиқи кишварҳои дигар, назири Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Евразия чунин имтиёзе ба коргарони муҳоҷири Қазоқистон ва Арманистон низ эъто мешавад, то бо гувоҳиномаи ронандагии миллии хеш дар бахши ҳамлу нақли Русия, фаъолият кунанд.

Лағви эътибори гувоҳиномаи ронандагии атбои хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар Русия аз тобистони соли 2017 боис шудааст, ҳазорон нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба унвони ронандаи васоили нақлияи умумӣ дар шаҳрҳои бузурги Русия фаъолият мекарданд, бо мушкили иваз кардани гувоҳиномаи миллии худ ба гувоҳиномаи русӣ, мувоҷиҳ шаванд.

Барчаспҳо:
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, муҳоҷирон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ