12:53 16 январи 2018
Пахши мустақим
Очередь желающих переселиться в Россию из Таджикистана, архивное фото

Русия дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои муҳоҷират номнавис намекунад

© Youtube / Мирзо Салимпур
Муҳоҷират
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Намояндагии Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон номнависии шаҳрвандони ҶТ барои дарёфти роҳнамоии ҳуқуқии муҳоҷират ба Русияро бас кард

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории ТоҷикТА, ин ниҳод ба далели кам будани кормандонаш ва бисёр будани довталабони муҳоҷират ба Русия номнависии шаҳрвандони Тоҷикистонро барои дарёфти машварат ва роҳнамоии ҳуқуқӣ бас кардааст.

Яке дигар аз далоили ин тасмим нооромие гуфта шуда, ки имрӯз дар миёни довталабони навбатпой сар зада буд.

Сафорати Русия дар Тоҷикистон эълом карда, ки аз ин рӯз пас довталабон барои дарёфти раҳнамоии ҳуқуқӣ танҳо телефонӣ номнавис карда хоҳанд шуд.

Номнависии телефонӣ ҳар рӯз аз рӯзи душанбе то панҷшанбе аз соати 09:00 то 13:00 сурат хоҳад гирифт. Довталабон бояд бо шумораи 224-42-49 тамос бигиранд то рӯзу соати дарёфти машварат барояшон муқаррар карда шавад.

Шаҳрвандоне, ки ба Намояндагии ВУД Русия муроҷиат хоҳанд кард, бояд бо худ шиноснома, донишнома (аттестат ва ё диплом), дафтарчаи кор (корнома) дошта бошанд. Довталаб бояд "ҳаммеҳан" (соотечественник) буданашро собит кунад ва барномаи муҳоҷиратиеро муайян кунад, ки мехоҳад дар он ширкат кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки имрӯз дар Душанбе дар назди Намояндагии Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон нооромӣ сар зад.

Ин нооромӣ дар миёни ду ҳазору чандсад довталабе сар зад, ки барои номнависӣ дар барномаи муҳоҷират ба Русия дар ин ниҳод навбатпоӣ мекарданд.

Нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дар паи ин нооромӣ довталабонро пароканда карданд.

Мавзуъ

Бетартибиҳо дар назди намояндагии ВКД Русия дар Душанбе
Барчаспҳо:
номнависии телефонӣ, муҳоҷират, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ