05:44 21 августи 2017
Пахши мустақим
Построение участников миротворческих сил. Фото из архива.

Вилояти Хатлон 98 дарсади нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро кардааст

© Sputnik / Ратушенко
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Вилояти Хатлон 98 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро иҷро кардааст, хабар медиҳад Вазорати мудофиа.

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Радиф Тоҷикистон. «То 31 октябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 83% иҷро шуд. Аз ҷумла ноҳияҳои тобеи марказ 74%, вилояти Суғд 82%, ВМКБ  94%, вилояти Хатлон 98%, шаҳри Душанбе бошад 75% нақшро иҷро карданд», — мегӯяд Бахтиёр Бозоров, масъули маркази матбуоти Вазорати мудофиа.

Ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ҳамадониву Ҷиликӯли вилояти Хатлон, ҳамчунин шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳиро 100% иҷро намуданд, — гуфт Бахтиёр Бозоров. 

Ёдовар мешавем, ки нақшаи тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.

Мавзӯъҳои асосӣ