Яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов ба озодӣ баромад

© Sputnik / Андрей Стенин / Гузариш ба медиабонкДастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ
Дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фахриддин Зокиров, вакили мудофеъи Зайд Саидов, вазири пешини саноати Тоҷикистон ва тоҷири муваффақи зиндонӣ рӯзи 3 ноябр тибқи қонуни афв раҳо шудааст. Дар ин бора адвокат Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод.

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Радиф Тоҷикистон. Ба қавли ӯ, Зокиров дар рӯзи нахустини мавриди амал қарор гирифтани қонуни афв- 3 ноябр озод гардидааст. "Фахриддин Зокиров моҳи феврали соли равон бо гумони таҳия ва тақаллуби аснод барои кӯмак ба корхонаи коркарди пахтаи "Ёвон — Коттон" дар ҳаҷми 913 ҳазор доллар боздошт шуда буд. Мурофиаи додгоҳӣ дар нисбати ӯ рӯзи 3-юми октябр пушти дарҳои баста сурат гирифт. Мақомот Зокировро бо иттиҳоми "қаллобӣ", тибқи моддаҳои 363, 264 ва 340 — и КҶ —и Тоҷикистон муттаҳам медонистанд. ", — афзуд Ёров.

  Даъвои мақомот ин аст, ки ширкати Зокиров дар баргардондани тақрибан 30 дарсади боқимонда аз маблағи ёдшуда таъхир мекунад.

 Маврид ба тазаккур аст, ки  Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон  моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон ва мусодираи молу мулкаш маҳкум шуд. Пас аз эъломи ҳукми ӯ, адвокат Зокиров ва баъди чанд муддат Шӯҳрат Қудратов, вакили  мудофеъи дигари Саидов низ дар тобистони имсол аз сӯи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод бо иттиҳоми миёнаравӣ дар додани пора дастгир шуд ва то ҳол дар боздошт қарор дорад. Зайд Саидов ва ҷонибдоронаш мегӯянд, таъқиби ӯву вакилони ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Зайд Саидов, ки аз соли 1999 то 2006 ба симмати раиси кумитаи саноат ва баъдан вазири саноат узви ҳукумати Тоҷикистон буд, баъди он боздошт шуд, ки мехост як ҳизби сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони" нав таъсис диҳад.

 Шӯҳрат Қудратов, вакили дигари вазири зиндонӣ- Зайд Саидов то ҳанӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0