08:50 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Кӯдак. Акс аз бойгонӣ

Минбаъд Путин дар вилояти Владимирова зиндагӣ мекунад

© Flickr/ Stephan Hochhaus
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
9921

Як оилаи тоҷик аз вилояти Владимирова қарор додааст, ки ба шарофати Владимир Путин номи писарашонро дигаргун мекунанд. Ин фикрро ба онҳо бобои ин кӯдак, ки ҳаводори президенти Русия Владимир Путин мебошад, пешниҳод кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Як оилаи тоҷик, ки дар вилояти Владмироваи Русия зиндагонӣ мекунад, қарор додааст, ки номи писарашонро ҳамчун Путин ба қайд гирифта  дигаргун мекунанд, хабар медиҳад рӯзномаи "Новый город Александров".

Қайд карда мешавад, ки Малоҳат Увайдуллоева ва Ҷӯраев Ҷаҳонгир аз Тоҷикистон мебошанд ва муддатҳои тӯлонист, ки дар Русия зиндагонӣ мекунанд.

Хабар дода мешавад, ки фикри дигаргун кардани номи писаракро бобои ӯ- Ҷӯраев Раҳмон пешниҳод кардааст. Чуноне ки маълум гардидааст вай ҳаводори президенти ФР Владимир Путин мебошад. Ҳатто дар хонаи   Ҷӯраев Раҳмон  осорхонае бахшида ба президенти Русия мавҷуд аст, ки дар он ин мард тайи даҳ сол саръат ва дигар ҷузъиёти ба Владимир Путин вобаста бударо нигаҳ медоштааст.

"Дар куҷое хондам, ки дар Миср номи як писарбачаро Путин ном додаанд, худ ба худ фикр кардам, ки барои чӣ дар Русия ин ҳолат дида намешавад",- иброз намудаааст ин мард.

Падари ин кӯдак Ҷаҳонгир Ҷӯраев қайд намудааст, ки вақте ки ин фикр пешниҳод гардид, онҳо ҳама якҷоя ҷамъ омаданд ва онро дастгирӣ намуданд.

Ҳамин тавр, аризаи дигар намудани номро ҳоло бояд сардори роҳбарияти ноҳия ба имзо расонад.

"Мо ягон сабаби қонунӣ надорем, ки аризаи онҳоро рад намоем, барои ҳамин ба наздикӣ ба ин оила ҳуҷҷати дигар кардани номи кӯдак дода мешавад",- хабар медиҳад ҷойнишини сарвари роҳбарияти ноҳия Светлана Поваляева.

Барчаспҳо:
Дигаргун кардани номи кӯдак, Владимирова, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ