17:30 24 феврали 2017
Пахши мустақим
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Карим Масимов. Акс аз бойгонӣ

Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз вазифааш сабукдӯш карда шуд

© Sputnik / Алексей Никольский
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз вазифааш сабукдӯш гашт. Муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Бакитҷон Абдирович Сангинтоев интихоб кардид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Сарвазири Қазоқистон аз вазифа сабукдӯш карда шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Қазоқистон.

"Масимов Карим Кажимканович раиси Кумитаи амнияти милии Ҷумҳурии Қазоқистон таъин карда шавад ва аз вазифаи сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон сабукдӯш карда шавад",- омадааст дар хабар.

Маълум гардидааст, ки Масимов роҳбари Кумитаи амният таъин карда шудааст.

Дар фармоне, ки президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ба имзо расонидааст, гуфта мешавад, ки ҳукумати Қазоқистон то тасдиқ кардани таркиби кабинаи вазирон вазифаи худашро иҷро мекунад.

Ҳамин тавр, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сарвазир Бакитҷон Абдирович Сангинтоев таъин карда мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки Қазоқистон ба наздикӣ роҳбари ҳукумат Карим Масимовро рӯзи ҷумъа санаи 9-уми сентябр аз вазифа сабукдӯш мекунад.

Масимов бори аввал дар  кабинаи вазирон соли 2007 сарвазир интихоб гардид ва дар ин вазифа то соли 2012-ум қарор дошт. Аз соли 2012 то соли 2014-ум вазифаи  роҳбари маъмурияти президенти Қазоқистонро иҷро мекард.

Санаи 2-уми апрели соли 2014 Масимов дубора ба сари ҳукумати Қазоқистон омад.

Рузи ҷумъа, 9 сентябр дар Остона ҷаласаи васеи ҳукумат  бо иштироки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор мегардад.

 

Мавзуъ

Эҳтимол аст, нахуствазири Қазоқистон рӯзи ҷумъа ба истеъфо равад
Барчаспҳо:
Аз вазифа сабукдӯш гардидани сарвазири Қазоқистон, Карим Масимов, Қазоқистон