07:58 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҳалаб(Сурия). Акс аз бойгонӣ

Талафоти ҷонӣ дар пайи ҳамлаи ҷангиён ба як мактаб дар Ҳалаб

© AFP/ ZEIN AL-RIFAI / AMC
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Дар натиҷаи оташфишонӣ аз миномёт як кӯдак қурбон гардид ва панҷ нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад корманди беморхонаи марказии шаҳри Ҳалаб

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.Дар ноҳияи Сулаймонияи Ҳалаби Сурия як мактаб зери оташфишонии миномётии ҷангиён қарор гирифт, ки дар натиҷа як  кӯдак ҳалок гардида,  панҷ нафари дигар захмӣ гаштанд, хабар дод ба РИА Новости корманди беморхонаи марказии шаҳр.

"Як кӯдак қурбон гашт, панҷ нафари дигаррро бо захмҳои тиккаи тир ба беморхона оварданд. Ҳамаи онҳо  ҳангоми афтидани маводи тарканда дар мактаби Сулаймония қарор доштанд ",- нақл намуд ҳамсӯҳбати оҷонсӣ.

Ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ, ки дар қисми шарқии Ҳалаб маҳдуд карда шудаанд, қариб ҳар рӯз ба қисми ғарбии шаҳр ҳамлаҳои ҳавоӣ меоранд. Ҳамлаҳо ҳангоми амалиятҳои ҳамлаоварандаи ҷангиён шиддат меёбад.

Муноқишаи мусаллаҳона дар Сурия аз соли 2011 идома дорад.

Барчаспҳо:
Ҳамлаи ҷангиён ба мактаб, Ҳалаб, Сурия

Мавзӯъҳои асосӣ