Тоҷикистон- макони тиллои сафед

Обуна шудан
Ҳоло дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии тиллои сафед- пахта давом дорад. Имсол дар кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки 360 ҳзр. тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад. То ҳол дар кишвар зиёда аз 221,4 ҳзр. тонна пахтаи тар ҷамъоварӣ карда шудааст.

Имсол дар Тоҷикистон ба майдони 162,5 ҳазор гектар пахтакорӣ намудаанд. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири ҳамин сол ба нақша гирифта шудаст, ки 368 ҳзр. тонна пахта ғунугир карда шавад, ки соли гузашта он 270ҳзр. тоннаро ташкил медод.

Дар соли 2015 харидори асосии пахтаи тоҷик Туркия ба ҳисоб мерафт. Кишвар қариб 37,4 ҳзр. тонна пахтаи тоҷикиро ба маблағи 50,7 млн. доллар харидорӣ намудааст. Дар ҷойи дуввум Эрон ва дар ҷойи саввум Русия меистанд, ки аз Тоҷикистон пахта харидорӣ намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0