21:44 25 июли 2017
Пахши мустақим
Низомии тоҷик. Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ва Амрико размоиш баргузор мекунанд

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
40 0 0

Нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар размоише бо низомиёни амрикоӣ равишҳои пайкор бо гурӯҳҳои тундраву ҳаросафкани байналмиллалиро тамрин хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар размоише, ки аз 27 март то 7 апрел баргузор мешавад, 150 намоянда аз вазорати дифоъи ИМА ва 100 намоянда аз нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Бино ба иттилоъи равобити умумии сафорати ИМА дар Душанбе, дар ин размоиш, ки Фармондеҳии марказии ИМА дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои давлатии ИМА ва Ҳукумати ҶТ баргузор мекунад, равишҳои ҳамоҳангсозии набарду пайкор бо гурӯҳҳои теруристии фаромиллӣ тамрин хоҳанд шуд. Ин размоиш дар размоишгоҳҳое дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он баргузор мешавад.

Сафорат дар иттилоъияаш аз паёми раисҷумҳур Трамп ба Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешавад, ки умедворӣ карда буд "аҳдофи муштараки дар заминаи амният ва суботи минтақавиро ҳамроҳ пеш бибаранд". Ин ниҳод меафзояд: "Ин размоиш барои афзоиши сатҳи амнияту субот дар минтақа аз роҳи густариши имконот ва ҳамоҳангсозии амалиёт миёни нерӯҳои амниятии ИМА ва Тоҷикистон барномарезӣ шудаанд. Ҳадаф аз ҳамкории низомиён афзоишу беҳинасозии тавонмандиҳо ва пуштибонӣ аз суботи дарозмуддат дар минтақа ва ҳамоҳангии амалиёти муштарак миёни Амрико ва Тоҷикистон аст".

Амрико дар назар дорад ки аз будҷаи худ дар соли 2017 барои афзоиши маҳоратҳои кормандони сохторҳои амниятии Тоҷикистон 525 ҳазор дулор ҳазина кунад.

Барчаспҳо:
теруризм, размоиш, размоиш, Тоҷикистон-ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ