01:39 31 марти 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар

Эмомалӣ Раҳмон аз донишмандону фарҳангиён хост пуркортар бошанд

© Фото: Аз дафтари матбуоти президенти ҶТ
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Ин дидор бо ширкати камобеш 200 намоянда аз риштаҳои гуногуни илму фарҳангу ҳунар пушти дарҳои баста баргузор шуд ва аз расонаҳои мустақил рӯзноманигоре ба он роҳ наёфт

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Кохи Наврӯз бо аҳли донишу фарҳангу ҳунари кишвар дидор кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронияш, ки матни онро дафтари матбуъотии раисҷумҳур мунташир кардааст, "тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, кулли тоҷикону форсизабонони дунё ва мардуми кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз"-ро ба муносибати фаро расидани Наврӯз ва Соли нави миллӣ самимона табрик гуфт.

Дар идома вай бо таъкид бар рушди улуми дақиқ дар кишвар гуфт, "сохторҳои илмиву таълимии кишварро зарур аст, ки омӯзиши илмҳои муосир, бахусус, илмҳои табииву риёзиро ҷиддӣ ба роҳ монанд". 

Раисҷумҳур бо таъкид бар ин ки "яке аз ҳадафҳои муҳимтарини кишвар барои давраи наздик — гузариш аз иқтисоди кишоварзӣ ба иқтисоди санъатӣ — кишоварзӣ аст", гуфт "баҳрагирӣ аз дастовардҳо ва навовариҳои илмиву фаннии донишмандони кишвар дар роҳи расидан ба ин ҳадаф нақши асосӣ дорад. Бо ин манзур бояд дар таркиби Фарҳангистони улум Маркази татбиқи фанновариҳои навоварона таъсис дода шавад".

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз илми ҷомеашиносӣ ҳам ёд карду гуфт, "олимони соҳаи ҷомеашиносӣ бояд корҳои илмии худро ба самтҳои таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва огоҳ кардани аҳли ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир равона намоянд". Вай чолишҳои амниятиро аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки Тоҷикистон ба хотири мавқеи ҷуғрофии худ наметавонад аз таъсири равандҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ дар канор бимонад.

Раисҷумҳур таъкид кард: "Дар марҳалаи ҳозира бо истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути расонаҳои хабарӣ зеҳну ҷаҳонбинии мардум, алалхусус, наврасону ҷавононро ба тафаккури илмии прагматикӣ ва пешрафтаву амалгаро табдил додан вазифаи зиёиён мебошад".

Вай ҳамчунин бархе аз дастовардҳо дар заминаи фарҳангро бар шумурд, вале аз фаъолияти созмонҳои фарҳангӣ интиқод кард ва афзуд: "Яке аз бахшҳои дигари фарҳанг, ки ба дастгирӣ ва дар айни замон ба фаъолияти ҳамоҳангшудаи ҳамаи сохторҳои дахлдор дар самти рушди минбаъдаи он ниёз дорад, санъати театрӣ мебошад. Санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд".

Раиси давлати Тоҷикистон сабаби асосии рушд накардани ин соҳаро "набудани асарҳои драмавии мувофиқ ба завқи тамошобини имрӯза" донист. Вай афзуд: "Бинобар дуруст фаъолият накардани Шурои бадеӣ дар назди Вазорати фарҳанг, ташкил нагардидани муҳокимаи асарҳои саҳнавӣ ва набудани талаботи ҷиддӣ нисбат ба интихоби асарҳои саҳнавӣ ба тамошобинон асарҳои каммазмун ва камаҳаммият пешкаш мегарданд. Дар натиҷа имрӯз шумораи тамошобин кам шуда, мавқеи театрҳо дар ҷомеа суст гардида истодааст".

Вай таъкид кард, ки "барои театрҳои кишвар асарҳое таълиф бояд кард, ки руҳи қавии мардуми Тоҷикистонро ифода намоянд, ҳаёти осудаи халқро инъикос кунанд ва завқу ҳаваси тамошобинро ба зиндагӣ бештар гардонанд".

 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин густариши филмсозиро низ аз муҳимтарин масъалаҳо шумурд. Вай гуфт: "Кинои тоҷик бояд дар мавзуъҳои таърихӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва проблемаҳои муосир филмҳои замонавиро ба навор гирад. Вале чунонки мебинем, аксари филмҳо ба завқи тамошобини имрӯза мувофиқ нестанд".

Раисҷумҳур аз камкории Шурои давлатии рушди синемо, ки соли 2015 бо ибтикори худаш таъсис ёфта буд, интиқод кард ва афзуд: "Ҳарчанд ки аз байн ду сол сипарӣ гардид, шурои мазкур то ба ҳол ягон филмномаро баррасӣ накарда, аз ҷониби адибони кишвар низ асаре пешниҳод нашудааст".

Раиси давлати Тоҷикистон ҳукумати кишварро муваззаф кард, ки дар ду моҳи оянда барои таъсиси муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ва ҳамроҳ кардани ширкати "Тоҷиккино" ба он чораҷӯӣ кунад.

Вай таъкид кард, ки фарҳангиёни кишвар набояд нисбат ба масъалаи рушди соҳаи театр ва кино ҳамчун ҷузъи муҳимтарини ҳаёти фарҳангии кишвар бетараф бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз адибон ва фарҳангиён даъват кард, ки дар асарҳояшон арзишҳое чун озодӣ ва истиқлоли Тоҷикистонро тарғиб кунанд.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи модарро ба бонувони Тоҷикистон табрик гуфт
Барчаспҳо:
фарҳанг, дидор, Наврӯз, Тоҷиккино, Тоҷикфилм, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ