08:33 26 июни 2017
Пахши мустақим
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар

Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ойини меҳру фарҳанг барои ҷаҳониён аст

© Фото: Аз дафтари матбуоти президенти ҶТ
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
3401

Кишвардори Тоҷикистон гуфт, имрӯз мардумони ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Турсунзода "мардуми шарифу фарҳангии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, халқҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз, хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди шаҳри Турсунзода" ва меҳмонони ин ҷашнро ба муносибати фаро расидани "Наврӯзи фархундаву оламафрӯз — ҷашни бедории табиат ва инсон" самимона табрик гуфт.

Дафтари матбуъотии раисҷумҳур матни суханронии ӯро мунташир карда ки дар он гуфта мешавад: "Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт".

Раисҷумҳур таъкид кард, ки ҷашни Наврӯз торихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои башар аст.

Ӯ гуфт: "Имрӯз мардумони ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии  мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад".

Ба гуфти Эмомалӣ раҳмон, фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.

 

Вай ёдоварӣ кард, ки дар бораи торихи пайдоиш, шукӯҳу шаҳомат ва ҳикмату фалсафаи ин ойини нек дар осори гаронбаҳои гузаштагони мо, аз "Авасто" сар карда то «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмаҳои торихӣ маълумоти фаровоне зикр гардида, дар онҳо мақому манзалат ва бузургии ин ойини ростин тавсиф шудааст.

1 / 3
Эмомалиро Раҳмонро дар шаҳри Турсунзода пешвоз гирифтанд

Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамин аҳаммияти инсонгароёна ва башарии Наврӯз чанд сол пеш ин ҷашни бостонӣ бо ибтикори Тоҷикистон  ва дастгирии даҳҳо кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз бо Қатъномаи Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.

"Мо ифтихор мекунем, ки Тоҷикистони мо ватани Наврӯз аст ва дар сарзамини мо тантанаҳои наврӯзӣ ҳамчун оғози корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама, ба кишоварзон нерӯи тоза мебахшанд", — афзуд ӯ.

Дар поён вай бори дигар фаро расидани Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тамоми тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, самимона табрику шодбош гуфт.

Пас аз суханронии раисҷумҳур, барномаҳои ҳунариву фарҳангии наврӯзӣ баргузор шуд ки дар он ҳунармандони номдори Тоҷикистон ва шаҳри Турсунзода ширкат карданд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт
Хушнудии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Наврӯз
Барчаспҳо:
суханронӣ, Наврӯз, Эмомалӣ Раҳмон, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ