07:09 24 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои ширкати Ямал, акс аз бойгонӣ

Саранҷом Тоҷикистон осмонашро ба рӯи "Ямал" боз кард

© Фото: Официальный сайт авиакомпании "Ямал"
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
7211

Парвозҳо бар асоси асли баробарӣ сурат хоҳанд гирифт - ширкати ҳавопаймоии "Ямал" ҳафтае ду бор ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз мекунад ва "Сомон-Эйр" ду парвоз аз Хуҷанд ва Душанбе ба фурудгоҳи "Жуковский" хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русии "Ямал" иҷозат дод, ки аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Хуҷанд ва Душанбе парвоз кунад.

Дар идораи ҳавопаймоии кишварии Вазорати нақлиёти ҶТ ба хабарнигори Sputnik гуфтанд, ки парвозҳо миёни ду кишвар баробар тақсим шудаанд: "Сомон-Эйр" аз Хуҷанд ва Душанбе ду парвоз ба фурудгоҳи "Жуковский" дар вилояти Маскав хоҳанд дошт ва "Ямал" низ аз ин фурудгоҳ ду парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд анҷом хоҳад дод. Ин парвозҳо дар фасли тобистон сурат хоҳанд гирифт ки бино ба муқаррароти мусофирбарии ҳавоӣ аз поёни моҳи апрел оғоз меёбад.

Пештар Вазорати нақлиёти Русия эълом карда буд, ки агар аз ҷониби Тоҷикистон посухе дар бораи парвозҳои "Ямал" дарёфт нашавад, онро водор ба посухгӯӣ хоҳанд кард.

Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар номае ба тарафи русӣ пешниҳод кард, ширкати "Ямал" парвозҳои тобистонии худро аз фурудгоҳҳои Душанбе ва Кӯлоб анҷом диҳад, аммо ширкати русӣ ин пешниҳодро қотеъона радд кард.

Қарор буд ширкати "Ямал" парвозҳояшро ба Тоҷикистон аз авохири моҳи март оғоз кунад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар поёни соли 2016 ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Ямал" аз фурудгоҳи "Жуковский" ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд иҷозат надод. Дар посух Вазорати нақлиёти Русия  парвозҳои ширкати тоҷикии "Сомон Эйр"-ро лағв карда буд. 

Мавзуъ

“Ямал” то дарёфти муҷаввизи Душанбе ба Бишкек низ парвоз нахоҳад кард
Барчаспҳо:
Ямал, Сомон Эйр, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ