13:04 17 августи 2017
Пахши мустақим
Культурно-развлекательный парк Боги Пойтахт

Шаҳрдори Душанбе боз чанд "Пойтахт"-ро номгардон кард

© Sputnik Амир Исаев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
20711

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо имзои чанд қарор бархе аз муассисаҳои давлатии пойтахтро номгардон кард

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо ислоҳи чанд қарори раиси пешини шаҳри Душанбе бархе аз муассисаҳои давлатиро номгардон кард.

Вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе бо нашри қарорҳои Рустам Эмомалӣ иттилоъ додааст, ки муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» номгардон шудааст. Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» бо қарори шаҳрдорӣ «Бозори Меҳргон» номида шудааст.

Ҳамчунин корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» низ аз ин пас «Маркази ҷавонон» номида хоҳад шуд.

Шаҳрдори Душанбе бо қароре дигар корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатии Наврӯзгоҳи пойтахт»-ро «Наврӯзгоҳ» ном гузошта аст. Ҳамчунин «Маҷмааи савдои Пойтахт-80» бо қарори шаҳрдорӣ «Аҳорун» номида шудааст.

Бино бар гузориши вебгоҳи расмии шаҳрдории Душанбе, мӯҳру санадҳои ин муассисаҳо бар асоси ин номгардонӣ дигаргун карда мешаванд ва байни расонаҳо ин хабар паҳн карда мешавад.

Шаҳрдор Рустам Эмомалӣ пеш аз ин шабакаи телевизюнии «Пойтахт» ва меҳмонхонаи «Пойтахт»-ро низ номгардон карда буд.

Мавзуъ

Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?
Барчаспҳо:
номгардонӣ, пойтахт, Рустам Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ