21:57 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Президент Таджикистана Рахмон Эмомали на на церемонии открытий зданий

Кишвардору шаҳрдор хишти нахусти сохтмонҳои додгоҳу омӯзишгоҳу озмоишгоҳу донишгоҳро гузоштанд

© Фото: Пресс служба Президента Таджикистана
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
7601

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳ ва оғози бунёди чандин сохтмон дар пойтахти кишвар ширкат карданд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, имрӯз раҳбари кишвар ва раиси пойтахт хишти аввали сохтмони нави Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузоштанд, ки дар хиёбони Шевченко сохта хоҳад шуд.

Ин сохтмон 16 ошёна хоҳад дошт, ки дар онҳо барои 450 корманд утоқ, маҷлисгоҳ бо 500 сандалӣ, 8 толори додрасӣ, бойгонӣ, китобхона ва дигар созаҳо дар нақша гирифта шудаанд. Ҳазинаи сохту сози он 73 милюну 858 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.    

Ҳамчунин кишвардор ва шаҳрдор аз ноҳияи Шоҳмансур дидан карда, дар маросими оғози сохтусози омӯзишгоҳи миёнаи шумораи 31 ширкат карданд, ки дар хиёбони Аҳмади Дониш сохта хоҳад шуд. Дар назар аст, ки дар ин мактаб 1280 донишомӯз дар як баст таҳсил хоҳанд кард. Ин сохтмон, ки дар ду марҳила ва то 1 сентябри 2018 сохта хоҳад шуд, 46 милюн сомонӣ ҳазина хоҳад дошт.

Дар ҳамин ноҳия ҳамчунин Мактаби байналмилалии тоҷикӣ-бритониёӣ сохта хоҳад шуд, ки дар он 420 донишомӯз таҳсил хоҳанд кард. Ин омӯзишгоҳ дар хиёбони Тӯрақул Зеҳнӣ бо ҳазинаи 9 милюн сомонӣ сохта мешавад. Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар маросими оғози бунёди он ҳам ширкат карданд ва хишти аввалашро гузоштанд.

Қарор аст ин мактаб бо охирин дастовардҳо дар заминаи фанновариҳои омӯзишиву иттилоъотӣ таҷҳиз шавад ва омӯзгорону устодон аз Бритониё даъват шаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар оянда ин мактаб пойгоҳе барои баргузории имтиҳоноти вурудии донишгоҳҳои Бритониё хоҳад шуд.

Раисҷумҳур ва шаҳрдори Душанбе аз ноҳияи Сино низ боздид карданд ва дар шаҳраки Шифобахш Озмоишгоҳи миллии референсии Вазорати тандурустиро ба баҳрабардорӣ расонданд. Ин озмоишгоҳ дар ду сол ва бо ҳазинаи 23,8 милюн сомонӣ сохта шуда ва бо фанновариҳои пешрафтаи пизишкии сохти ширкатҳои олмонӣ муҷаҳҳаз шудааст. Дар Озмоишгоҳи миллии референсӣ ҳамагуна озмоишҳои клиникӣ, зисткимиёӣ, эманишинохтӣ (иммунологӣ), бактеришинохтӣ ва вирусшинохтӣ баргузор хоҳанд шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ ҳамчунин хишти аввали сохтмони марказӣ ва омӯзишии Донишгоҳи пизишкии Абуалӣ Синоро гузоштанд.

Қарор аст дар шаҳраки донишгоҳӣ се сохтмони 9-ошёна ва 4-ошёна сохта шавад ки ҳазинаи он 85 милюну 416 ҳазор сомонӣ баровард шудааст. Сохтмони аслӣ дорои маҷлисгоҳе бо ҳазор сандалӣ, ҳуҷраҳои корӣ, синфхонаҳо, китобхона бо толори хониш ва толорҳои хурди дарсӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин сохтусози се сохтмони нави омӯзишӣ, ошхона барои 300 кас, чаҳор хобгоҳи 12-ошёна барои донишҷуён, ду сохтмони иқоматӣ барои омӯзгорон, майдону толори варзишӣ, истахри шино, озмоишгоҳ, майдони теннис, полезу боғ дар назар дошта шудааст. Қарор аст дар даромадгоҳи асли донишгоҳ тандиси Абуалӣ ибни Сино гузошта шавад.

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибмансабон: ҳавосатонро ҷамъ кунед!
Барчаспҳо:
шаҳрдор, кишвардор, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ