20:43 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Али Ализод, независимый эксперт по экономике и политике

Алӣ Ализод: Боздоштҳо дар Ожонс оғози фасодзудоии густарда дар Тоҷикистон аст

© Фото: Из личного архива Али Ализода
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
39853

Боздоштҳои густарда дар Ожонси мубориза бо фасод эҳтимолан оғози поксозии бузурге дар ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон аст, мегӯяд коршиноси мустақил Алӣ Ализод

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Боздошти 17 тан аз кормандони Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод ба иттиҳоми ҷаъли аснод ва ришваситонӣ шояд мавҷи аввали поксозии густардае дар ниҳодҳои кишвардории Тоҷикистон бошад.

"Дар торихи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин рухдоде, ки бо фасод пайванд дошта бошад, собиқа надошт. Ин иқдом бисёр муҳим аст. Ҳамин ки соҳибмансабоне баландпояро дастгиру боздошт кардаанд, ки пештар табаҳкорияшонро нодида мегирифтанд, худ иқдоме арзишманд аст", — гуфт дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон таҳлилгари мустақил Алӣ Ализод.   

Яке аз далоили аслии боздошт шудани ин соҳибмансабонро пайванд доштанашон бо парвандаи мудири пешини Идораи сохтусози аслии шаҳри Душанбе Саидшариф Анваров медонанд. Додгоҳи шаҳри Душанбе Анваровро 21 апрел ба ҷурми ришваситонӣ ва дуздии сармояи сохтмони бемористони "Истиқлол" маҳкум ба 18 сол зиндон карда буд.

"Ин гузоришҳо ҳануз бештар овоза ҳастанд ва иттилоъи дақиқе дар ин бора дар даст нест. Вале бемористоне, ки бо 60 — 70 милюн дулор сохтаву тоза ба баҳрабардорӣ расондаанд, бегумон бо ин қазия пайванде дорад. Ин поксозӣ эҳтимолан бо боздошти ҳамин 17 соҳибмансаб ба поён намерасад ва идома хоҳад дошт", — гуфт Алӣ Ализод.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар миёни кормандони боздоштшудаи Ожонси фасодзудо муъовини пешини раиси он Давлатбек Хайрзода, раҳбари пешини Раёсати бозҷӯӣ Фирӯз Холмуродов, раҳбари пешини Раёсати бозҷӯии ҷиноӣ Ҷамолидин Муҳаммадзода, бозҷӯёни пешин Фирдавс Ниёзбадалов ва Умед Камолов ҳастанд, ки муттаҳам ба ҷаъли санадҳои расмӣ ва ришваситонӣ шудаанд.

Расонаҳои тоҷикӣ гузориш додаанд, ки поксозӣ дар ин ниҳод идома ёфта, 27 апрел боз 38 корманди он аз кор барканор шудаанд. Ҳамчунин дар паи бозҷуст дар яке аз манзилҳои Фирӯз Холмуродзода беш аз як милюн дулор пули нақд ва 6 килуграм тилло ёфт шудааст.

Мавзуъ

Хилватшоҳ Маҳмуд: “Ожонси мубориза бо фасод баста шавад”
Боздоштҳо дар Ожонси назорати молӣ: муборизон бо фасод худ фосид будаанд?
Барчаспҳо:
фасодзада, фасодзудоӣ, боздоштҳо, Ожонси мубориза бо фасод, Али Ализод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ