21:56 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Посол Великобритании Хьюг Филпот

Сафири Бритониё: Ландан Тоҷикистонро яке аз беҳтарин кишварҳо барои гардишгарӣ мешуморад

© Фото: Facebook
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
4501

Сафорати Бритониё дар Душанбе гузориши бархе аз расонаҳоро, ки гӯё Ландан Тоҷикистонро "хатарнок барои гардишгарӣ" шумурда бошад, нодуруст хонд

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Сафири Подшоҳии Муттаҳид дар Тоҷикистон Ҳю Филпотт дар нишасти намояндагони ҳайъати бозаргониву гардишгарии Бритониё дар Душанбе гуфт, ин гузоришҳо бо тавсияҳои воқеъии Давлати Бритониёи Кабир ба гардишгарони бритониёӣ созгорӣ надоранд.

"Мо аз афзоиши теъдоди боздидкунандагон аз Тоҷикистон бисёр шодем ва хушнудем, ки Давлати Тоҷикистон гардишгариро заминасози рушду тавсеъа интихоб кардааст. Ин дастровардҳо сафари гардишгаронро ба Тоҷикистон осон хоҳад кард. Мо ибтикори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро, ки соли 2017-ро Соли ҷавонон ва гардишгарӣ эълом кардааст, дастгирӣ мекунем ва итминон дорем, ки ин ибтикор дар пешрафти ин риштаи муҳими иқтисод саҳмгузор хоҳад буд. Мо омодаем ки гардишгарони бештареро аз Британиё дар Тоҷикистон пешвоз бигирем", — эълом кард Ҳю Филпот.

Сафири Бритониё ҳамчунин аз гузориши бархе аз расонаҳо, ки гӯё Ландан Тоҷикистонро "хатарнок барои гардишгарӣ" шумурда бошад, нигаронӣ кард ва онҳоро нодуруст хонд.

"Ин хабарҳо бозтобдиҳандаи тавсияҳои воқеъии Давлати Бритониёи Кабир ба ҷаҳонгардони бритониёӣ нестанд", — таъкид кард вай.

Ҳю Филпот афзуд: "Сафорати Бритониё хушнуд аст, ки манзараҳои ҷолиби Тоҷикистон ва меҳмондӯстии гарми тоҷикон, сол аз сол гардишгарони бештареро аз Бритониё ҷалб мекунад. Тоҷикистонро бархе аз расонаҳои Ғарб "яке аз кишварҳое, ки гардишгарӣ бо суръат рушд мекунад" ва "беҳтарин сарзамин барои пиёдагардӣ" мешуморанд. Мо ҳамчун шарики тавсеъа бо Давлати Тоҷикистон кӯшиш дорем то гардишгариро дар ин кишвар густариш диҳем".

Мавзуъ

Узбакистонро дар Британияи Кабир макони биҳиштӣ гуфтанд
Барчаспҳо:
ҷаҳонгардӣ, гардишгарӣ, Сафорати Бритониё, Ҳю Филпотт, Тоҷикистон, Бритониё

Мавзӯъҳои асосӣ