22:18 16 августи 2017
Пахши мустақим
Российско-таджикские учения на полигоне Фахрабад

Тоҷикистон - нотавонтарин кишвар аз дидгоҳи нерӯи низомӣ

Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
18722

Бино ба радабандии "Global Firepower Index" нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ охирин ҷойгоҳро доранд

ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Бунгоҳи "Global Firepower" дар радабандии нерӯи низомии кишварҳои ҷаҳон, ки ахиран мунташир карда, Тоҷикистонро дар 112-умин рада ҷой дода аст.

Дар радабандии солиёнаи "Global Firepower Index" беш аз 50 омил, аз он ҷумла, мизони ҳазинаҳои сарфшуда барои таҷҳизи нерӯҳои низомӣ, теъдоди низомиён ва ҷангафзорҳо, бавижа новҳои ҷангӣ, зердарёӣ, ҳавопаймоҳои ҷанганда ва чархболҳо, тонкҳо ва зиреҳпӯшҳо, шароити ҷуғрофиёии кишварҳо ва дигар омилҳо баррасӣ карда мешаванд. 

Дар ин радабандӣ, ки нерӯи низомии 127 кишвар баррасӣ шуда, Тоҷикистон аз дидгоҳи тавони низомӣ 112-ум радаро дорад. Узбакистон бо 48-умин рада нерӯмандтарин кишвари Осиёи Марказӣ дониста шуда ва пас аз он Қазоқистон дар 53-умин рада, Туркманистон дар 84-умин рада ва Қирғизистон дар 109-умин рада ҷой доранд.

Бо ин вазъ нерӯи низомии Тоҷикистон, ки порсол дар 81-умин рада ҷой дошт, камтар шуда ва дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камзӯртарин шинохта шудаанд.

Дар радабандии "Global Firepower Index" артиши Амрико нерӯмандтарин дар ҷаҳон шинохта шуда ва Русия, Чин, Ҳиндустон, Фаронса ва Бритониёву Ҷопон пас аз он ҷой гирифтаанд. Камтавонтарин артишро дар ҷаҳон кишварҳои африкоӣ — Сумолӣ, Намибия ва Ҷумҳурии Африкои Марказӣ доштаанд.

Аз кишварҳои мусулмонӣ дар ин радабандӣ Туркия 8-умин рада, Миср — 12-умин, Покистон — 13-умин, Индунезӣ — 14-умин, Эрон — 20-умин ва Афғонистон — 68-умин радаро доранд.

Мавзуъ

Global Firepower: будҷаи низомии Тоҷикистон $75 миллион аст
Кӣ бештар хароҷоти низомӣ дорад?
Барчаспҳо:
радабандӣ, артиш, низомӣ, Global Firepower, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ