11:16 22 сентябри 2017
Пахши мустақим
Хусрав Нозирӣ бо диплумотҳои эфиопӣ

Тоҷикистон сафирашро дар Эфиопия таъйин кард

© Фото: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
2301

Ин нахустин бор аст, ки Тоҷикистон сафири ғайримуқими худро дар он кишвари африкоӣ таъйин мекунад

Душанбе, 13 май — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федероли Демукротии Эфиопия Хусрав Нозирӣ имрӯз дар шаҳри Аддис-Абеба устуворномаи худро ба мудири кулли Идораи ташрифоти Вазорати умури хориҷии он кишвар Эсаяс Сейфу супурд.

Чуноне ки дафтари иттилоърасонии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, Нозирӣ имрӯз ҳамчунин бо мудири кулли Идораи Урупои Вазорати умури хориҷаи Эфиопия Тесфайе Йилма дидор кард. Дар ин мулоқот дурнамои густариши равобиту ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуд.

Хусрав Нозирӣ, ки сафири Тоҷикистон дар Миср низ ҳаст, Душанберо дар Шашумин Анҷумани ҷаҳонии нирӯи барқи обӣ намояндагӣ кард, ки 9 — 11 май дар пойтахти Эфиопия баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш раванди рушду тавсеъаи соҳаи нирӯи барқи обӣ дар даҳсолаи оянда баррасӣ шуд, ки ҳадаф аз он таъмини низоми қобили эътимоди обу барқ барои ҳама аст.

Дар Анҷумани ҷаҳонӣ таъкид гардид, ки нирӯи барқи обӣ дар расидан ба Ҳадафҳои рушди пойдори СММ ва ҳадафҳои дигари байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба тағйироти иқлим саҳми бузург гузошт.

Мавзуъ

Тоҷикистон бо Маврикия равобити сиёсӣ роҳ андохт
Барчаспҳо:
сафорат, равобити сиёсӣ, вазорати умури хориҷа, Хусрав Нозирӣ, Тоқикистон-Эфиопия

Мавзӯъҳои асосӣ