Шаҳрдории Душанбе: барои як шабонарӯз об захира кунед!

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе қарор дода лӯлаҳои обрасонии бархе аз маҳаллаҳоро навсозӣ кунад ва аз аҳолӣ хостааст барои як шабонарӯз об захира кунад

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе бо интишори қарори раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ ба иттилоъи пойтахтнишинон расонда, ки 15-ум то 18-уми май обрасонӣ ба бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мешавад.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ дар ноҳияи Сино, хиёбонҳои Ҷаббор Расулов ва Саъдии Шерозӣ, кӯчаҳои Маяковский, Шерализода, Абдуллобеков, маҳаллаҳои 15, 15а ва 32 аз соати 8:00 бомдоди 15 май то соати 8:00 бомдоди 16 май қатъ мегардад.

Ҳамчунин обрасонӣ ба бахшҳое аз маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Пӯлодӣ, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, академикҳо Раҷабовҳо, Садриддин Айнӣ, Беҳзод, Нисор Муҳаммад, академик А. Адҳамов, гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Шоҳтемур, Пушкин, Теҳрон, Шота Руставелӣ ва Бохтар аз соати 8:00 бомдоди 17 май то соати 8:00 бомдоди 18 май қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ далели ин тасмимро дар пайваст намудани лӯлаҳои обрасонии 325-милиметрӣ дар ин маҳаллаҳо гуфта ва аз аҳолӣ хостааст барои 24 соат об захира кунад.

Шаҳрдори Душанбе бо ин қарор раисони ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва раҳбари ширкати давлатии "Обу корези Душанбе"-ро муваззаф кардааст, ки аҳолии ин маҳаллаҳоро бо мошинҳои обкаш аз оби ошомиданӣ таъмин кунанд.

Лентаи хабарҳо
0