Дар Рӯзи ҷаҳонии музей боздид аз ҳама осорхонаҳои Тоҷикистон ройгон аст

© Фото : MerosНациональный музей Таджикистана, архивное фото
Национальный музей Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии музей, ки ҳар сол 18 май баргузор мешавад, ҳама осорхонаҳои Тоҷикистон "Рӯзи дарҳои кушод" баргузор мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом карда, ки имрӯз боздид аз ҳама осорхонаҳои кишвар барои дӯстдорони мероси фарҳангӣ ва нигораҳои торихӣ ройгон аст.

Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонону варзишу гардишгарӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон имрӯз дар чорчӯби барномаҳои Соли ҷавонон «Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо»-ро баргузор мекунанд.

"Ҳадаф аз баргузории он рушди гардишгарии дохилӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба мероси торихиву фарҳангии кишвар, тақвияти эҳсоси меҳандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон аст", — гуфта шудааст дар эъломияи вазорат.

Ин ниҳодҳо ҳамчунин  18 май аз соати 18:00 то 22:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангиву фароғатии «Шабе дар осорхона» баргузор хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0