03:28 26 июли 2017
Пахши мустақим
Яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар Эрон, акс аз бойгонӣ

Эрониён раиси ҷумҳурии исломиро интихоб мекунанд

© AP/
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва ҳамзамон шуроҳои шаҳру рустоҳо ва интихоботи миёндавраии Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз бомдод оғоз шуданд

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросари Эрон ва берун аз он имрӯз бомдод дарашонро ба рӯи раъйдиҳандаҳо боз карданд.

Бино ба гузориши Sputnik Эрон, шаҳрвандони Эрон аз соати 8:00 то соати 18:00 ба вақти Теҳрон раъйи худро дар сандуқҳо хоҳанд рехт.

Ҳамакнун барои симати раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳор номзад мубориза доранд. Онҳо раисҷумҳурии феълӣ Ҳасан Руҳонӣ, вазири пешини саноеъ Мустафо Ҳошимӣ, вазири пешини фарҳангу иршоди исломӣ Мустафо Мирсалим ва додситони пешини ҶИЭ Иброҳим Раисӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҳасан Қашқовӣ, раиси ҳайъати назорат бар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии исломӣ дар хориҷ аз Эрон, ин давра аз интихобот дар 102 кишвар ва 310 шуъба баргузор мешавад.

Раванди шумориши раъйҳо нимашаб оғоз шуда, натиҷаҳо давоми 24 соати баъди баста шудани охирин ҳавзаи интихоботӣ эълом мешавад.

Агар дар интихобот касе 50 дарсади раъйро ба даст наорад, ду рақиби аслӣ дар даври дувум, ки 26 май дар назар аст, рақобат хоҳанд кард.

Мавзуъ

Ҳасан Руҳонӣ дар охирин назарсанҷии интихоботӣ дар Эрон пештоз аст
Барчаспҳо:
раъй, интихоботи раисҷумҳур, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ