09:21 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, акс аз вебгоҳи ФФТ

Футбол: Тоҷикистону Арманистон дар Сочӣ зӯрозмоӣ мекунанд

© Фото: Федерация футбола РТ
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
49 0 0

Футболбозони дастаи мунтахаби наврасони зери 16-солаи Тоҷикистон имрӯз дар Сочӣ бо ҳамсолони арманияшон зӯрозмоӣ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дидори мунтахабҳои тоҷикиву арманӣ дар чорчӯби мусобиқаи байналмилалие сурат мегирад, ки дар остонаи оғози Ҷоми Конфедеросюни футболи Осиё баргузор мешавад.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Федеросюни футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Сочӣ аз 29 май то 2 июн баргузор мешавад, футболбозони навраси Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон, Арманистон ва вилояти Краснодари Русия рақобат мекунанд. Бозиҳо дар варзишгоҳи "Юност" баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби наврасони тоҷик, ки дирӯз, 28 май Сочӣ рафтааст, аз 14 бозикун ташкил шуда ва 2 дарвозабон, 5 муҳофиз, 5 нимуҳофиз ва 2 ҳамлагарро дар бар мегирад.

Нахустин бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистон имрӯз, 29 май соати 18.00 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа бозиҳо аз рӯи тартиби даврӣ дар як давр доир мешаванд. Аз рӯи натиҷаи ҷамъбаст ду дастаи беҳтарин барои мақоми аввал ва ду дастаи охирӣ барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.

Мусобиқаи Сочӣ барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2018 аст, ки аз 16 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ин марҳилаи интихобӣ ҳарифони дастаи Тоҷикистон мунтахабҳои наврасони Уммон, Сурия, Туркманистон ва Молдив ҳастанд.

Ҳайати мунтахаби наврасони зери сини 16-солаи Тоҷикистон:

ДарвозабонҳоШоҳрух Қирғизбеков («Хуҷанд»), Фарҳод Ҷалилов («Локомотив-Помир»);

Муҳофизон: Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Меҳробҷон Азимов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрасул Лутфуллоев («Барқчӣ»);

НиммуҳофизонШуҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Вахш»);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Барқчӣ»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»).

Ҳайъати раҳбарӣАнваршо Мирзоев — роҳбари ҳайъати намояндагӣ, Зайниддин Раҳимов — сармураббӣ, Сабур Саидов — масъул, Баҳодур Носировв — пизишк.

Ҷадвали бозиҳо дар мусобиқаи Сочӣ:

Даври якум: 29 май (душанбе)

13:00 — Краснодар — Қазоқистон

18:00 — Арманистон — Тоҷикистон

Даври дувум: 30 май (сешанбе)

13:00 - Краснодар — Тоҷикистон

18:00 - Арманистон — Қазоқистон

Даври севум: 1 июн (панҷшанбе)

13:00 — Краснодар — Арманистон

18:00 - Қазоқистон — Тоҷикистон

2 июн (ҷумъа)

13:00 — Бозӣ барои мақоми севум

16:00 — Бозии ниҳоӣ

Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе оварда шудааст.

 

Мавзуъ

Дастаи футболи “Истиқлол” дастаи “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби калон шикаст дод
Гузориши аксӣ аз мусобиқаи футбол барои "Ҷоми Оқохони IV" дар Маскав
"Ҷоми Оқохони IV": рақобати нуздаҳ даста барои ҷоми футбол дар Маскав
Барчаспҳо:
мусобиқаи байналмилалӣ, футбол, Федеросюни футболи Тоҷикистон, Тоҷикистон-Русия

Мавзӯъҳои асосӣ