Донишомӯзони тоҷик аз Ҳинд чаҳор медоли тилло оварданд

© Фото : Посольство РТШестая международная олимпиада
Шестая международная олимпиада - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чаҳор донишомӯзи тоҷик аз Шашумин Олимпиадаи байналмилалии улуми поя аз Ҳинд бо медоли тилло баргаштанд

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Шашумин Олимпиадаи байналмилалии донишомӯзон дар риштаҳои риёзӣ, физика, химия ва зистшиносӣ аз 21 то 27 май дар Донишгоҳи Амитии шаҳри Ноида баргузор шуд.

Бино ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд, дар ин олимпиада, ки донишомӯзони тоҷик нахустин бор дар он ширкат кардаанд, беш аз 10 кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Озарбойҷон, Банглодеш, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Непол, Молдовӣ, Руминия ва Лаос, намоянда доштаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқот донишомӯзи Лисеи № 1 шаҳри Душанбе Рустам Абдувоҳидов ва 3 донишомӯз аз дабиристони "Ҳотам П.В."­ — Вазир Пиров, Умед Икромов ва Амир Ҷӯраев намояндагӣ мекарданд. Ҳар чаҳор донишомӯзи тоҷик дар риштаи риёзӣ ё математика бар рақибонашон чира шуда медолҳои тиллоро ба гардан овехтанд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҳинд Мирзошариф Ҷалолов дар маросими ихтитомияи ин олимпиада ширкат ва суханронӣ кардааст.

© Фото : Сайт посольства РТ в Индии6-я международная олимпиада
6-я международная олимпиада - Sputnik Тоҷикистон
6-я международная олимпиада
Лентаи хабарҳо
0