22:40 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Ферганский государственный университет

Омӯзиши забони тоҷикӣ дар яке аз донишгоҳҳои Узбакистон роҳандозӣ шуд

© Фото: Ферганский государственный университет
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
22220

Дар донишкадаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона гурӯҳи тоҷикӣ таъсис шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишкадаи забоншиносии Донишгоҳи давлатии Фарғона роҳандозӣ шудааст.

Чуноне ки дар ин донишкада ба хабаргузории Sputnik гуфтанд, пазириши довталабон аз 15-уми июн оғоз мешавад. Довталабон бояд аз торих ва забонҳои хориҷӣ имтиҳом пас бидиҳанд.

Қарор аст имсол 15 донишҷӯ пазируфта шавад, ки аз онҳо 5 кас бо бурсияи давлат ва 10 кас бо ҳазинаи худашон таҳсил хоҳанд кард.

Нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам метавонанд дар ин донишкада таҳсил кунанд.

Масъуд Мирзо — виростори бахши тоҷикии барномаҳои ширкати родю-телевизюни "Фарғона", ки ин хабарро расонаӣ кард, дар гуфтугӯ бо хабарнигори Sputnik гуфт, гурӯҳи тоҷикӣ дар ин донишгоҳ дар паи гарм шудани равобити сиёсӣ миёни Узбакистон ва Тоҷикистон таъсис шудааст.

Ба гуфтаи вай, пас аз ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Шавкат Мирзиёев дар бисёре аз заминаҳои кишвардорӣ таҷдиди назар шудааст.

"Давлат барномае барои рушди ҳамаҷонибаи кишвар дар панҷ соли оянда таҳия карда, ки яке аз бахшҳои он беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя аст. Аз он ҷумла, раисҷумҳур дастур дода, ки дар таркиби Девони вазирон кумитае вижа таъсис дода шавад то аз манофеъи маънавӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳама мардумоне, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ доранд, пуштибонӣ кунад. Рушди забонҳову фарҳангҳо, пуштибонӣ аз фаъолияти марказҳои фарҳангӣ ва роҳандозии омӯзиши забони тоҷикӣ дар донишгоҳҳо аз ҳамин дастур бар меоянд", — таъкид кард киё Мирзо.

Вай ҳамчунин гуфт, ки китобҳо ва дигар матолиби омӯзишӣ барои донишҷӯёни ин донишгоҳ дар интишороти Узбакистон мунташир хоҳанд шуд.

Мавзуъ

Пешниҳоди Узбакистон: Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистонро дар Узбакистон баргузор кунед
Ба Узбакистон биёед: тоҷиконро ба ҷашнвораи матои анъанавӣ даъват карданд
Тоҷикистону Узбакистон раванди наздик шудани ду кишварро идома медиҳанд
Барчаспҳо:
омӯзиши забони тоҷикӣ дар Узбакистон, гурӯҳи тоҷикӣ, донишкадаи забоншиносӣ, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Фарғона, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ