22:39 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Линии электропередач, архивное фото

Ширкати "Pamir Energy" барандаи ҷоизаи "Ashden Awards" шуд

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Ҷоизаи байналмилалии "Ashden Awards" барои дастрасии осон ба нерӯи барқ насиби ширкати "Pamir Energy" шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ширкати "Pamir Energy" — нахустин ширкате, ки бо ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ташкил шуда, барандаи ҷоизаи "Ashden Awards" дар бахши "беҳбуди дастрасӣ ба нерӯи барқ ва энержии пойдор" шуд.

Ширкати "Pamir Energy" ин ҷоизаро барои беҳбуди дастрасии каму беш 220 ҳазор муштарӣ дар Тоҷикистон ва беш аз 35 ҳазор муштарӣ дар Афғонистон ва барқрасонӣ ба бунгоҳҳои иқтисодиву иҷтимоъӣ дарёфт кардааст.

Ин ширкат ҳамчунин 11 нерӯгоҳи барқобиро бозсозӣ ва 4,3 килуметр сими интиқоли барқро дар шарқи Тоҷикистон навсозӣ карда, ки дар натиҷа дастрасии 96 дарсад аз хонаводаҳоро ба қувваи барқ беҳбуд бахшидааст.

Ҷоизаи созмони хайрияи бритонии "Ashden Awards" ҳар сол барои дастовардҳои бузург дар заминаи энержӣ эҳдо мешавад. Маросими эҳдои ин ҷоиза 15 июн дар Ландан баргузор хоҳад шуд.

Ширкатҳое, ки имсол аз ин созмон ҷоиза дарёфт мекунанд, тарҳҳои бузургеро дар заминаи дастрасии осон ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Непол, Африкои Шарқӣ ва Ғарбӣ, Ҳиндустон, Чин ва Малайзия иҷро кардаанд. Ҳар кадоме аз ин ширкатҳо ҷоизаи нақдӣ ба арзиши 20 ҳазор фунт стерлинг дарёфт хоҳад кард.

Мавзуъ

“Pamir Energy” номзади ҷоизаи байнулмилалии “Ashden Awards” шуд
Барчаспҳо:
энержӣ, барқрасонӣ, ҷоиза, Pamir Energy, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ