09:41 24 августи 2017
Пахши мустақим
Вазири умури дохилаи Узбакистон Абдусалом Азизов, акс аз бойгонӣ

Вазири умури дохилаи Узбакистон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард

Пресс-клуб
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
9609

Ин нахустин сафари вазири умури дохилаи Узбакистон ба Тоҷикистон дар каму беш 20 соли гузашта хоҳад буд.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Узбакистон сарлашкар Абдусалом Азизов қарор аст дар сафаре расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад.

Сухангӯи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷон Эмомалӣ дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik ин хабарро таъйид кард.

Сарлашкар Абдусалом Азизов дар нишасти Шурои вазирони умури дохилаи Кишварҳои ҳамсуд ширкат хоҳад кард, ки қарор аст 27 — 29 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Вай дар раванди ин сафар ҳамчунин бо раҳбари Вазорати умури дохила ва дигар масъулини баландпояи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Сарлашкар Азизов дар моҳи январи соли 2017 вазири умури дохилаи Узбакистон таъйин шуда аст.

Ин нахустин сафари вазири умури дохилаи Узбакистон ба Тоҷикистон дар каму беш 20 соли гузашта хоҳад буд.     

Мавзуъ

Гумрукҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳамкорияшонро аз сар мегиранд
Тоҷикистону Узбакистон марзашонро аломатгузорӣ карданд
Барчаспҳо:
ҳамкории нерӯҳои амниятӣ, Абдусалом Азизов, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ