20:55 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Ракета класс земля земля, архивное фото

Эрон аз "Давлати исломӣ" интиқом гирифт

© AP/ Omid Vahabzadeh
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
26041

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон бархе аз созаҳои гурӯҳи теруристии ДОИШ-ро дар Сурия мушакборон кард

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Фармондеҳии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон эълом карда, ки қароргоҳи фармондеҳӣ ва бархе аз созаҳои пуштибонии ДОИШ-ро дар минтақаи Дайруззур мушкаборон кардааст.

Ба гузориши хабаргузории "Тасним", шаш адад мушаки миёнбурди "замин ба замин" аз пойгоҳи мушакии нерӯҳои ҳавофазоии Сипоҳи посдорон дар устонҳои Кирмоншоҳ ва Курдистон партоб шудаву аз ҳарими ҳавоии Ироқ гузашта "бо диққати бисёр боло ба созаҳои теруристҳо расидаанд".

Фармондеҳии Сипоҳи посдорон дар баёнияаш ин амалиётро "интиқом аз омилини ҳамлаҳои теруристӣ" ба Маҷлиси шурои исломии Эрон ва оромгоҳи оятуллоҳ Хумайнӣ хонда ва гуфтааст, ки он комилан муваффақиятомез буда ва хисороти бисёр фаровони ҷонӣ ва ҷангафзорӣ ба теруристҳо расондааст.

Сипоҳи посдорон эълом карда, ки "теруристҳои такфирӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва фароминтақаии онҳоро ҳушдор дода, ки дар сурати такрори иқдомоти палид ва шайтонӣ зидди миллати Эрон, хашми инқилобӣ ва шуълаҳои оташи интиқоми Сипоҳ, омилон ва мусаббибони онро дар бар хоҳад гирифт ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд".

Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, камубеш 360 доишӣ дар ин ҳамалот кушта шудаанд.

Мавзуъ

Нерӯҳои амниятии Эрон 41 теруристро шиносоӣ ва дастгир карданд
Путин: ДОИШ мехоҳад дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фитна барангезад
Кинхоҳӣ аз теруристҳо: пайкори занони курд бо ДОИШ
Барчаспҳо:
мушакборон, ДОИШ, Сипоҳи посдорон, Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ, Эрон-Ховари Миёна

Мавзӯъҳои асосӣ