15:54 20 октябри 2017
Пахши мустақим
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото

Пулиси Русия 22 корманди "бунгоҳи муҳоҷиратӣ"-ро дастгир кард

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
5711

Дар миёни 22 узви ин дастаи табаҳкор ҳам бошандагони вилояти Маскав ва ҳам муҳоҷирон ҳастанд

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Нерӯҳои интизомӣ дар Маскав гурӯҳе созмонёфта аз 22 табаҳкорро дастгир карданд, ки бо роҳандозии "бунгоҳи муҳоҷират" дар Интернет, муҳоҷиронро фиреб медодаанд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати умури дохилаи Русия, кормандони нерӯҳои интизомиву амниятии шаҳри Маскав гурӯҳе аз табаҳкоронро дастгир кардаанд, ки худро кормандони бунгоҳи муҳоҷиратӣ хонда аз муҳоҷирон пул мегирифтаанд.

Пулис гуфта, ки ин гурӯҳ аз 22 табаҳкор ташкил шуда ва бо вебгоҳе дар Интернет муҳоҷиронро ба дом андохта барояшон санадҳое чун баргаи сабти иқомати муваққат, огаҳии расиди шаҳрванди хориҷӣ ва дигар асноди расмиро месохтаву мефурӯхтаанд.

Кормандони пулис ҳангоми бозҷӯӣ аз "бунгоҳи" ин гурӯҳ чанд роёна, мӯҳрҳои гуногун ва сарбаргҳои дурӯғини аснод боз ёфтаву ситондаанд.

Додситонии Маскав барои бозрасии ин қазия аз рӯи моддаи "Тақаллубкорӣ" парванда боз карда, ки барои чунин табаҳкорӣ то 10 сол зиндонро муқаррар мекунад.        

Мавзуъ

Полковник: "аз фарзандони муҳоҷиратон зиёд пул талаб накунед"
Раҳмон бо вазири хориҷии Аморот масоили ифтитоҳи бонкҳо ва муҳоҷиратро баррасӣ кард
Беш аз 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ба Шарқи Дур муҳоҷират кардаанд
Барчаспҳо:
табаҳкорӣ, муҳоҷират, Русия-Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ