10:03 16 декабри 2017
Пахши мустақим
Выставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017

Муовини нахуствазири Узбакистон бо ҳайъате баландпоя ба Душанбе меравад

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
4001

Муовини нахуствазири Узбакистон дар чорчӯби сафараш ба Душанбе дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро бо муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҳайъате баландпоя аз давлати Узбакистон фардо, 20 июн ба пойтахти Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Бино ба иттилоъи дафтари расонаии Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, ин ҳайъат раҳбарону намояндаҳои 17 вазорату созмони давлатӣ ва 28 намоянда аз бахши хусусиро дар бар мегирад ва раёсати онро муовини нахуствазири он кишвар Улуғбек Розуқулов ба уҳда дорад.

Чуноне ки дар сафорати Узбакистон дар Душанбе ба хабаргузории Sputnik гуфтанд, "ҳадаф аз сафари ин ҳайъат фаъолсозии равобити ду кишвар дар заминаҳои тиҷориву иқтисодӣ ва пайгирии раванди иҷрои тавофуқотест, ки дар охирин нишасти Комисюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар моҳи декабри 2016 ҳосил шудаанд".

Интизор меравад, ки Улуғбек Розуқулов ва Давлаталӣ Саид авзоъи феълӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафорати Узбакистон ҳамчунин ёдоварӣ кард, ки дар паи баргузории охирин нишасти Кумисюни ҳамкорӣ ва нахустин намоишгоҳи санъативу тиҷории Узбакистон дар Душанбе 56 ширкати узбакӣ фаъолияташонро дар Тоҷикистон роҳ андохта ва чандин ширкат низ машғул ба фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, корафзорҳои барқӣ, утубусҳо, худравҳо ва пӯшок ҳастанд.

Дар чорчӯби сафари ин ҳайъат 21 июн дар Душанбе нишасти корофаринону коркушоёни ду кишвар баргузор хоҳад шуд, ки қарор аст беш аз 300 кас дар он ширкат кунад.  

Мавзуъ

Вазири умури дохилаи Узбакистон аз Тоҷикистон боздид хоҳад кард
Гумрукҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳамкорияшонро аз сар мегиранд
Омӯзиши забони тоҷикӣ дар яке аз донишгоҳҳои Узбакистон роҳандозӣ шуд
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои иқтисодӣ, Улуғбек Розуқулов, Давлаталӣ Саид, Тоҷикистон-Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ