14:24 18 октябри 2017
Пахши мустақим
Биёбон дар бистари қадими дарёи Арал. Акс аз бойгонӣ

Кишварҳои Осиёи Марказӣ барномаи эҳёи дарёи Аралро омода мекунанд

© Sputnik
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
5911

Бунёди байналмилалии наҷоти дарёи Арал ва намояндаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ омодасозии барномаи ёрирасонӣ ба бошандагони канораҳои дарёи Аралро оғоз карданд

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Имрӯзҳо пойтахти Туркманистон мизбони ҳамоиши "Нақши Бунёди байналмилалии наҷоти дарёи Арал дар рушди ҳамкорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ" аст.

Намояндаҳои Бунёди байналмилалии наҷоти дарёи Арал ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ишқобод роҳҳои наҷоту эҳёи дарёи Арал ва ёрирасонӣ ба бошандагони он минтақаро баррасӣ доранд.

Раисҷумҳурии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар ин ҳамоиш гуфт, Бунёди байналмилалӣ барномаи ёрирасониву пуштибонӣ аз бошандагони минтақаи дарёи Аралр омода кардааст.

Вай ҳамчунин эълом карда, ки ҳадафи аслии Туркманистон дар замони раёсаташ дар ин Бунёд беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоъиву муҳитзистии кишварҳои ҳавзаи дарёи Арал, фароҳамсозии баҳрабардории хирадварзона аз об ва посдошти муҳими зист дар минтақа хоҳад буд.

"Туркманистон дар мақоми раёсати давраии Бунёд ҳама кӯшишу талошашро хоҳад кард то обрӯи Бунёд дар ҷаҳон ва эътибораш дар мубориза бо офатҳои табиъии ҷаҳонӣ бештар шавад", — таъкид кард раҳбари он кишвар.

Дар чорчӯби ин ҳамоиш нишастҳову коромӯзиҳо дар мавзуъи рушди "диплумосии об" миёни кишварҳои минтақа низ баргузор хоҳанд шуд.

Қарор аст, ки дар поёни ин ҳамоиш барномаи наҷоту эҳёи дарёи Арал ниҳоӣ ва тасвиб шавад.

Мавзуъ

Ӯзбакистон ба Арал сайёҳонро барои табобат ва дамгирӣ ҷалб мекунад
Барчаспҳо:
дарёи Арал, Бунёди байналмилалии наҷоти дарёи Арал, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, дарёи Арал, Осиёи Марказӣ

Мавзӯъҳои асосӣ