Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми фурӯхтани ду зан дастгир шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкРублевые купюры разного достоинства
Рублевые купюры разного достоинства - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зане аз Тоҷикистон дар Маскав ба иттиҳоми одамфурӯшӣ дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки номашро ошкор накардаанд, мехоста ду занро ба 100 ҳазор рубл бифурӯшад, ки яке аз онҳо 20-солаву аз вилояти Рязан ва дигаре 25-солаву аз Белорус будаанд.

Равобити умумии Идораи нақлиётии Кумитаи бозҷӯии Русия дар Маскав гузориш дода, ки хариду фурӯш дар яке аз қаҳвахонаҳои Маскав анҷом шуда ва он одамфурӯш, ки худ низ зан буда, ба иттиҳоми фурӯши ду кас боздошт шудааст.

Харидор дар муъомила яке аз кормандони пулис буда ва он одамфурӯш аз дер боз зери назари нерӯҳои амниятӣ қарор доштааст.

Бозҷӯии ин қазия идома дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Тоҷикистон дар соли 2013 қонуне тасвиб кард, ки бар пояи он одамфурӯшӣ ҷурм шинохта шуда ва одамфурӯшон аз 5 то 12 сол зиндонӣ хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0