00:11 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото

Сайфулло Сафаров: ҷанг дар шимоли Афғонистон таҳдидест бар амнияти Тоҷикистон

© Sputnik / Семиряга
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
56 0 0

Авзоъ дар Афғонистон ба гунае барномарезишуда тағйир меёбад, ки бахше аз бозии бузурги геополитикӣ аст, мегӯяд коршиноси тоҷик

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Интиқоли амалиёти ҷангӣ бо ширкати ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" ё ДОИШ — созмони ҳаросафкане, ки фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия қонунан мамнуъст, аз ҷануб ба шимоли Афғонистон амният дар Тоҷикистонро таҳдид мекунад, гуфт Сайфулло Сафаров, муъовини аввали мудири Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон.

 

"Авзоъ нигаронкунанда аст, зеро интиқоли амалиёти ҷангӣ ба шимоли Афғонистон ва нерӯҳои созмонҳои фаромиллии ҳаросафкан ба марзҳои Осиёи Марказӣ ҳадафмандона сурат мегирад ва падид омадани бозигарони наве чун ДОИШ дар минтақа амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар хатар мегузорад", — гуфт вай дар нишасти расонаӣ.

Ин коршинос бар ин бовар аст, ки ин ҷобаҷоиҳо барномарезишуда буда ва бахше аз бозии бузурги геополитикӣ ҳастанд.

"Гурӯҳҳои камшумори ҷангҷӯёну ҳаросафканон наметавонанд авзоъро аз бех тағйир диҳанд ва агар аз хориҷ пуштибонӣ нашаванд, мардуми Афғонистон худ ин гурӯҳҳои мусаллаҳро аз миён хоҳад бурд", — мегӯяд Сафаров.

Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо корёронаш — Русия, Чин ва кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ, чораҳое барои пойдориву устувории амнияту субот дар марз андешидааст. Чунончи, ҳар аз гоҳе размоишҳо баргузор мешаванд ва низомиён равишҳои пайкор бо ҳаросафканонро тамрин мекунанд.

Мавзуъ

Сафаров: ҲНИТ дар хориҷ ҳам амнияти Тоҷикистонро таҳдид мекунад
Барчаспҳо:
ДОИШ, ҳаросафканӣ, марз, амният, нишасти расонаӣ, Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, Тоҷикистон-Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ