05:49 21 августи 2017
Пахши мустақим
Селевой поток в Дарвазе

Пайомадҳои сел дар Дарвоз: 14 куштаву 20 захмӣ дар Афғонистон

© Ibrahim Dariush
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел дар Дарвоз (12)
289 0 0

Селу гилшоре, ки 8 - 9 июл дар дараҳое аз Дарвоз дар каронаи чапи рӯди Панҷ фурӯ рехта буданд, дар ҳар ду канора осебу зиён ба ҷону моли мардум задаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Дар паи фурӯ рехтани селу гилшор дар каронаи афғонистонии Дарвоз чанд рӯз пеш 14 кас ҷон бохтаву 20 кас захмӣ шудааст, гузориш медиҳад созмони FOCUS.

Сел дар Дарвоз
© Фото: Аз саҳифаи сухангӯи раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева

"Селу гилшор дар бахшҳои Нусай, Шикай ва Кӯфоб дар Афғонистон 143 хонаро куллан ва 55 хонаро қисман хароб карда ва 16 нерӯгоҳи барқобии хурд, 22 ҷӯйбор, 13 бунгоҳи обрасонӣ, 2,5 килуметр рох ва 11 пулро нобуд кардаанд", — гузориш дода ин барномаи Шабакаи тавсеъаи Оқохон дар Афғонистон.

Ҳамин селу гилшорҳо дар каронаи тоҷикистонии Дарвоз низ вайрониҳое бар ҷой гузоштаанд. Чунончи, дар паи гилшоре, ки аз дараи Рованаки Шикай фурӯ рехта, дар рустои Хостав аз ҷамоати Нулванд 20 хона зери об монд ва рафту омад дар шоҳроҳи Душанбе — Хоруғ баста шуд. Дар ин русто 138 кас аз сел осеб дида ва давлати Тоҷикистон барояшон ёрии моддӣ расондааст.

Ин ёрӣ 9 тон маводи хӯрокворӣ, аз ҷумла 4 тону 400 килуграм орд, 660 килуграм рӯғани рустанӣ, 550 килуграм биринҷ, 550 килуграм нахӯд, 550 килуграм шакар, 550 килуграм сиёҳгандум (гречка), ҳамчунин 66 баста колоҳои масрафи ҳаррӯза ва 110 баста маводи хӯрокиро дар бар гирифтааст.

Ин маводро кормандони Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон ба ноҳияи Дарвоз бурдаву ба селзадагон додаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки 9-уми июл селе дигар аз дараи Хванд дар Афғонистон фурӯ рехтаву рустоҳои Деҳхо ва Хвандро бо бисёре аз хонаҳову кишту боғҳояшон вайрон кард.

Шабона сатҳи об дар пушти сарбанди селовард беш аз даҳ метр баланд шуда ва дар рустои Ширговад се хона ва чандсад метр аз шоҳроҳи байналмилалии Дуашанбе — Кӯлоб — Қалъаи Хумбро вайрон кард.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Дарвоз аз аҳолии рустоҳои Ёгед, Шикев, Сангевн, Пунишор, Нулванд, Жак, Марғ, Хостав ва Зиғар хост, ки шабро дар ҷойҳои амн ва баландтар аз рӯдбор рӯз кунанд.

Кумитаи умури изтирорӣ дар Дарвоз Ситоди ёрирасонӣ ташкил карда ва ба аҳолии селзада кумакҳои аввалияро мерасонад.

Мавзуҳо:
Сел дар Дарвоз (12)

Мавзуъ

Селе дигар дар Дарвоз рустоҳоро вайрон кард
Ба сокинони Дарвоз хаймаҳо ва маводи озуқаворӣ доданд: хисорот номаълум
Сел дар Дарвоз ду қурбонӣ гирифт
Барчаспҳо:
вайрониҳо, гилшор, сел, FOCUS, Шабакаи тавсеъаи Оқохон, Тоҷикистон-Афғонистон, Дарвоз

Мавзӯъҳои асосӣ