21:21 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Мулоқот бо Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчук 17.05.2017

Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ 50 милюн дулор кумак дарёфт кард

© Фото: Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳур
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
68 0 0

Шурои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бо ихтисоси 50 милюн дулор кумак ба Тоҷикистон барои тақвияти зерсохтҳои ин кишвар дар баробари осебҳои табиъӣ мувофиқат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ин кумаки молӣ барои тавонафзоии зерсохторҳои Тоҷикистон дар баробари селу гилшор, заминларза, заминлағжиш, сангрезиш ва дигар балоҳои табиъӣ равона хоҳад шуд.

Ба гузориши вебгоҳи расмии Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон, ки кишваре кӯҳистонӣ аст, аз назари заминшиносӣ ва сохтори печидаи зистмуҳитӣ дар баробари балоҳои табиъӣ ба шиддат осебпазир аст ва кӯҳнаву фарсуда будани зерсохторҳо метавонад осебу зиёне фаровон барои иқтисоди ин кишвар дар пай дошта бошад.

Дар ин гузориш таъкид шуда, ки бахши умдаи роҳҳои иртиботӣ, пулҳо, саддҳо ва шабакаҳои обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ сохта шуда ва ниёз ба сармоягузорӣ ва бозсозӣ дорад.

Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардааст, ки дар солҳои 1992 то 2016 ҳаводиси табиӣ наздик ба як милёрду 800 милюн дулор хисорот ба иқтисоди Тоҷикистон ворид кардаанд.

Мавзуъ

Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии бузургтарин нерӯгоҳи ҶТ $225 млн медиҳад
Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот кард
Барчаспҳо:
дужомадҳои нобаюсида, кумаки молӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ