21:22 20 сентябри 2017
Пахши мустақим
Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ мувофиқат кард

© Sputnik Амир Исаев
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
27901

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иҷлосияи имрӯзии ин ниҳод бо тағйири номҳои ҷуғрофиёӣ мувофиқат кард

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Бо пешниҳоди ҳукумат имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ деҳаҳои Уртақайнар ва Ғорбулоқ дар ноҳияи Ёвон ба Зафар ва Ғорчашма номгардон шуданд.

"Табдили номи нуқтаҳои аҳолинишини кишвар бар асоси меъёрҳои Қонун "Дар бораи забони давлатӣ" сурат мегирад, ки моҳи октябри соли 2009 қабул шуда буд", — гуфт дар оғози ин иҷлосия раиси Маҷлиси миллӣ.

Вакили Маҷлиси миллӣ, раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар ин ҷаласа гуфт, ки номи маҳаллаҳои аҳолинишине, ки бо меъёрҳои забони тоҷикӣ созгор нестанд, бо ибтикори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйир дода мешавад.

"Бо тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ба номҳои дурусти тоҷикӣ, мо ба решаҳои таърихии худ бармегардем ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт", — таъкид кард Имомзода.

Чанде пеш Маҷлиси вилояти Хатлон қарор дод ки Қӯрғонтеппа ба Бохтар, Сарбанд ба Леваканд ва Бохтар ба Кушониён номгардон шаванд. Интизор меравад, ки дар ҷаласаҳои баъдии Маҷлиси миллӣ ин қарори Маҷлиси вилояти Хатлон тасвиб шавад.

Мавзуъ

Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?
Умед Ҷайҳонӣ: давлат номи Пётри Якумро аз кӯҳсори Тоҷикистон бардорад
Барчаспҳо:
номгардонӣ, Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Ёвон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ