15:16 18 ноябри 2017
Пахши мустақим
Муҷрии рус Ксеня Собчак

Ксения Собчак Иван Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" номид

© Sputnik / Екатерина Чеснокова
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
554 0 0

Муҷрии машҳури Русия Ксения Собчак дар саҳна дар як раддубадали лафзӣ муҷрии дигари рус- Иван Ургантро бомже аз Тоҷикистон номид

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар Маскав дар толори "Барвиха Luxury Village" маросими ҷоизасупории маҷаллаи GQ баргузор шуд, ки онро ду муҷрии машҳури Русия — Ксения Собчак ва Иван Ургант мебурданд.

 

Дар рафти ҷоизасупорӣ ин ду муҷрӣ дар саҳна тибқи сенария раддубадали лафзӣ мекарданд.  Ургант қисми аввали скенарияиро бо рэп — монолог сар кард ва  зиндагии иҷтимоии мумтозро интиқод намуд.

авбати Собчак расид. Муҷрӣ гӯё ба худи Иван Ургант дарафтод ва ӯву симои вайро зери интиқод кашид. Дар байни алфозаш, барои "таҳқири" ҳамкораш Собчак Ургантро "бомже аз Тоҷикистон" номид, ки танҳо дар экранҳо оро дода мешавад.

 

Батл!.. @urgantcom versus @xenia_sobchak #gqчеловекгода @gqrussia

Публикация от Sasha Sorkin (@sorkinofficial) Сен 13 2017 в 11:57 PDT

"Лухтакеро мемонӣ, ки барои оинаҳои нилгун туро оро додаанд. Дар хона бошад мисли бомже мегардӣ, ки аз Тоҷикистон омадааст",- ҷавоб медиҳад Ксения Собчак ба Ургант.

Пештар дар барномаи телевизиони "Дождь" Аликсей Наваллний ва Ксения Собчак узбаконро таҳқир карда буданд, ки мардуми  бесаводанд.

"Табиист, ки дар Узбакистон касе намедонад, ки Пушкин кист",- гуфта буд Навалний.

Ба гуфтаҳои вай, узбакон аз гушаҳои дунё бо забони русӣ посух гуфтанд.

Барчаспҳо:
интиқод, барнома, Ксеня Собчак, Иван Ургант, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ