Sputnik ҳунарозмоии кӯдакон барои озмуни "Ту беҳтаринӣ!"-ро оғоз мекунад

© Фото : НТВЛоготип шоу "Ты супер"
Логотип шоу Ты супер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин озмун метавонанд фарзандхондаҳо, дастпарварони мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо аз 7-сола то 18-сола ширкат кунанд

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Шабакаи телевизюнии НТВ ва бунгоҳи хабаргузориву родюи Sputnik оғози ҳунарозмоӣ барои дувумин фасл аз озмуни овозхонии "Ту беҳтаринӣ!" барои кӯдакони бесарпарастро эълом мекунанд.

Ин тарҳ имкон медиҳад, ки кӯдакони ҳунарманде, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, нахустин гомҳояшонро дар роҳ ба сӯи саҳнаҳои бузург бардоранд.

Дар ин озмун метавонанд фарзандхондаҳо, дастпарварони мактаб-интернатҳо ва ятимхонаҳо аз 7-сола то 18-сола аз ҳама шаҳрҳои Русия ва кишварҳои ҳамсоя (Иттиҳодияи давлаӣҳои мустақил) ширкат кунанд.

Довталабонро аз тариқи ҳунарозмоӣ ё кастинг интихоб хоҳанд кард. Барои ширкат дар ин ҳунарозмоӣ бояд пурсишномаеро дар сафҳаи ин озмун дар вебгоҳи www.ntv.ru пур кард.

Сипас бояд дар филме кӯтоҳ, ки ҳар довталаб худ месозад, худро муаррифӣ карду ному номи хонаводагӣ ё номи мустаор, сол, шаҳр ё кишвар ва вазъи худро гуфт: дастпарвари ятимхона/мактаб-интернат/фарзандхонда/дорои сарпараст ё қаймумият.

Ҳамчунин бояд чанд навор аз ҳунарнамоии кӯдак дар барномаҳои ҳунарӣ ва фарҳангиро низ бар он пурсиҳнома ва филм афзуду фиристод. Ҳар навор бояд ба номи довталаб номгузорӣ шавад. Пурсишномаи пуршударо бояд барои баргузоркунандагон фиристод. Дигар шеваҳои номнависӣ дар ин озмун дар вебгоҳи шабакаи телевизюнии НТВ ёдоварӣ шудаанд.

Натоиҷи даври аввали интихобӣ зимистони соли 2018 эълом карда хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0