10:30 19 октябри 2017
Пахши мустақим
Доналд Трамп, акс аз бойгонӣ

Трамп Эронро дар маблағгузории Куреи Шимолӣ муттаҳам кард

© Sputnik / Стрингер
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
139 0 0

Доналд Трамп раисҷумҳури Амрико Эронро дар пуштибонии милиявӣ аз Куреи Шимолӣ муттаҳам кард

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Амрико Эронро дар маблағгузории Куреи Шимолӣ айбдор кард.

"Ман итминон дорам, ки онҳо (Эрон-шарҳ аз идора) Куреи Шимолиро пуштибонӣ мекунанд, ман бовар дорам, ки онҳо бо Куреи Шимолӣ хариду фурӯш доранд, ман итминон дорам, ки онҳо бо Куреи Шимолӣ ҳамкорӣ доранд, ки ғайри қобили қабул аст", —гуфт Доналд Трамп дар мусобиҳа бо шабакаи TBN.

Трамп қайд кард, ки Теҳрон рӯҳи кории Барномаи ҷомеъи иқдомоти муштарак (БАРҶОМ)-ро вайрон мекунад ва Амрико дар ояндаи наздик қарори худро дар боари уҳдадориҳояш дар ин барнома эълом хоҳад кард.

Раисҷумҳури Амрико афзуда, ки Эрон "бозигари хуб нест" ва бояд бо ӯ ба таври муносиб рафтор кард.

Пештар раиси Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасан Руҳонӣ  дар посух ба таҳдидҳои Амрико гуфт, ки агар Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои наве бар Эрон бибандад, Теҳрон "дар муддатзамони кӯтоҳ — дар миқёси соату рӯз — ба шароите бисёр пешрафтатар аз замони шуруъи музокирот боз хоҳад гашт".

Вай ҳамчунон аз тавофуқи ҳастаӣ бо Ғарб дифоъ карду гуфт: БАРҶОМ улгуи тафаввуқи сулҳу диплумосӣ бар ҷангу якҷонибагароист ва ин тарҷеҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, вале танҳо гузинаи кишвар набуда ва нахоҳад буд.

Руҳонӣ гуфт, БАРҶОМ на таҳдиде ба кишварҳо ва на таслим дар баробари қудратҳост ва афзуд, ки таъомули густарда бо ҷаҳон ва ҳифзи иззату каромати эрониён аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии ӯст.

Вай ёдоварӣ кард, ки бо дастёбӣ ба БАРҶОМ таҳримҳои байналмилалӣ бар Эрон барканор шуд ва ин барномаро "тавофуқе бурд — бурд" номид, ки масири ҳамкорӣ ва эътимодсозии Эрону ҷаҳонро ҳамвор кардааст.

Мавзуъ

Ҷавоби Трамп ба вазири Куриё: Ким Чен Ин ба наздикӣ "нобуд" мешавад
Трамп Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлол табрик кард
Латиф Пидром: Роҳбурди Трамп роҳи ҷанг аст, на роҳи сулҳ
Барчаспҳо:
муттаҳамкунӣ, Доналд Трамп, Эрон, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ