12:54 16 январи 2018
Пахши мустақим
Президент РТ Эмомали Рахмон и король Абдуллах ибн Хусейн, король Иордании

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн равобити Тоҷикистону Урдунро густариш медиҳанд

© Flickr/ Пресс-служба Президента РТ
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)
5510

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман аз Подшоҳии Ҳошимии Урдун дидор ва бо малик Абдуллоҳ ибни Ҳусейн гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн 10 декабр дар дидори расмӣ вазъ ва дурнамои равобиту ҳамкориҳои Тоҷикистону Урдун дар бахшҳои иқтисоду бозаргонӣ, илму маориф, гардишгариву  кишоварзӣ ва фарҳангу варзишро баррасӣ карданд. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,акс аз бойгонӣ
© Фото: пресс-служба президента Таджикистана

Сарони ду кишвар бар зарурати роҳандозии ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, истихроҷи маъданҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва нерӯи барқ бо баҳрагирӣ аз захираҳои модии Тоҷикистон, аз қабили об, сангҳову филиззҳои гаронбаҳо ва рангаву сиёҳ ва дигар кониҳо таъкид кардаанд.

Раҳбарони ду кишвар қарор доданд Кумисюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фанниву илмӣ таъсис диҳанд. Тарафҳо ҳамчунин хостори роҳандозии ҳамкорӣ миёни соҳибкорону бозаргонони ду кишвар шуданд.

Тоҷикистон аз Урдун даъват кард аз имконоти гардишгариву кишоварзӣ ва илмиву донишгоҳии кишвар дар омодасозии коршиносони пизишкиву дармон, муҳандисӣ, улуми дақиқ ва кишоварзӣ истифода барад.

Ҳар ду кишвар омодагии худро барои баҳрагирӣ аз таҷрибаи якдигар дар бахшҳои илму фанноварӣ, пизишкиву дорусозӣ, парвариши меваву тарабор, зироатҳои фаннӣ, тавлиди асал, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бо роҳи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва корбурди самараноки оби тозаи ошомиданӣ изҳор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 09.12.2017
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Эмомалӣ Раҳмон ва Абдуллоҳ ибни Ҳусейн ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар чорчуби созмону ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони милали муттаҳид ва Созмони ҳамкориҳои исломиро баррасӣ карданд. Дар ин замина чорандешӣ ва роҳҷӯӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо ҳаросафканиву ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишварҳои ҷангзадаи Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Афғонистон зарур шумурда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Эмомалӣ Раҳмон аз Абдуллоҳ ибни Ҳусейн даъват кард бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кунад. Подшоҳи Урдун ин даъватро бо хушнудӣ пазируфт. Ҳамчунин сарони ду кишвар Эъломияи муштарак дар бораи таҳкими ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдунро имзо карданд.

Дар паи ин мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду кишвар санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун барои ҷалб ва пуштибонии мутақобила аз сармоягузориҳо, Созишномаи пешгирӣ аз молиётситонии дучандон ва сарпечӣ аз пардохти молиёт бар даромаду сармоя миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Урдун ва Созишномаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши олӣ ва пажӯҳишҳои илмӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Урдун имзо шуданд. 

Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Урдун (8)

Мавзуъ

Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард
Тоҷикистон ва Урдун аз молиётситонии дучандон пешгирӣ хоҳанд кард
Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Урдун изҳори тасаллият кард
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, эъломия, Абдуллоҳ ибни Ҳусейн, Эмомалӣ Раҳмон, Урдун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ