18:25 18 январи 2018
Пахши мустақим
Гузаргоҳи марзи Тоҷикистону Узбакистон. Акс аз бойгонӣ

Пас аз ҳашт сол: гузаргоҳи "Панҷиканд - Самарқанд" боз мешавад

© Sputnik / Валерий Блинов
Ахбор
Гирифтани линки кӯтоҳ
42510

Гузаргоҳи "Панҷиканд-Самарқанд", ки ҳашт сол боз баста буд, дар остонаи ҷашни Наврӯз боз хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии "Панҷиканд — Самарқанд", ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад. Дар ин бора Тоҷик.ТА бо такя ба манбаъ аз Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар марзи Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи Панҷиканд — Самарқанд, ки ҳашт сол боз баста буд, боз хоҳад шуд", — гуфтааст манбаъ.

Ани замон ҷиҳати ифтитоҳи гузаргоҳ ва ба роҳ мондани фаъолияти назорати марзӣ ва гумрукӣ, барқарор кардани зерсохтори марзӣ ва ғайра аз ҳарду ҷониб корҳои омодагӣ ҷараён доранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Узбакистон Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеъи Ҷартеппаи вилояти Самарқанд боз дошта мешавад.

Дар ёддоште, ки ба унвони Тоҷикистон фиристода буданд, зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам рафту омади шаҳрвандон ва ҳам боркашонӣ қатъ мегардад. Он замон ҷониби Узбакистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Узбакистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ — шаҳри Турсунзода — Сариосиё ва ноҳияи Масчо — Ойбек амал мекунанд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳи гузаргоҳ, Наврӯз, Самарқанд, Панҷакент, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ