Панҷ ноҳияи осебпазири Тоҷикистон муайян гардид

CC BY-SA 2.0 / Titoxd / Tempe Town Lake CollapseСелфароӣ. Акс аз бойгонӣ
Селфароӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи таҳқиқи шашмоҳаи коршиносони тоҷик, панҷ ноҳияи аз нигоҳи иқлим осебпазири Тоҷикистон ошкор шудааст, ки дар он ҷойҳо вобаста ба таъсири манфии иқлим зиндагӣ рӯз то рӯз душвортар мегардад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Ҳудуди навоҳии Дарвоз, Мӯъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷиргатол ва Панҷакент осебпазиртарин манотиқи Тоҷикистон аз нигоҳи иқлим шинохта шуданд, ки дар ин манотиқ беш аз 300 ҳазор зиндагӣ доранд. Ба иттилоъи Радиои Озодӣ, хатари офатҳои табиӣ дар мавозеи мазкур  рӯ ба афзоиш буда, заминҳои кишт ва муҳити зист дар ҳоли харобшавист.

Гурӯҳи кории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, ки таҳқиқи "Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим"-ро дар 63 шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар 50 соли охир омӯхтааст, ба чунин хулоса расидааст.

БОР барои беҳбуди таъмини барқ дар Панҷакент $54 млн ихтисос медиҳад

"Аз рӯи сӣ нишондиҳандаи махсус, ки ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд, осебпазирӣ дар ин навоҳӣ муайян карда шуд. Нишондиҳандаи аввал, хатарҳои табиӣ, сатҳи баландшавии обу ҳаво, боришу сел ва дигар намуди офатҳои табиӣ мебошанд, ки дар нишондиҳандаҳои дуюм ба ҳосилнокии меҳнат, ҳосилнокии замин таъсир мерасонад. Сеюм нишондиҳанда ин буд, ки потенсиалҳои табии ин навоҳӣ чи гуна дар мутобиқшавӣ ба иқлим кӯмак мерасонанд",- мегӯяд Фирӯз Саидов, коршиноси ин барномаи озмоишӣ.

Ба қавли ӯ, беш аз 20 ноҳияи Тоҷикистон осебпазиранд, аммо дар марҳилаи аввал онҳо панҷ навоҳиро барои анҷоми таҷриба интихоб намудаанд. Ӯ мегӯяд, барои осебпазир хондани ин панҷ навоҳӣ, онҳо хулосаи даҳҳо идораро гирифта, мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Бар асоси ин омӯзиш, дар навоҳии Мӯъминобод, Ҳамадонӣ ва Панҷакент аз ҳама бештар обхезӣ заминҳои киштро хароб карда, боридани барфу борони ногаҳонӣ меваи дарахтонро талаф медиҳад. Дар ноҳияи Ҷиргатол ва Дарвоз, бештар фаромадани ярчу тарма ва сангрез ба хонаҳои истиқоматӣ осеб расонда, заминҳои киштро ғайрикорам менамояд.

Об. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ дар 6 шаҳри Тоҷикистон хадамоти шаҳриро беҳбуд мебахшад

"Резиши санг аз кӯҳҳо ва обхезиҳо майдони заминҳои корами бе ин ҳам ками Дарвозро сол то сол тангтар мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло ба 14 деҳаи ин ноҳия хатари сангрезӣ ва ба 17 деҳаи дигар хатари обхезӣ таҳдид мекунад",- иброз медорад корманди масъули ҳукумати ноҳияи Дарвоз Шӯҳрат Шоҳисматов.

Масъулони ҳукумати навоҳии Панҷакент, Ҳамадонӣ ва Мӯъминобод мегӯянд, воқеан, дар пайи селу обхезӣ ҳамасола даҳҳо ҳектор киштзор нобуд мешавад. Бо далеле, ки қисмати болоӣ ва ҳосилхезӣ заминҳо шуста мешавад, ин заминҳо аксаран нокорам боқӣ мемонанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, тайи чанд соли охир ҷангалзорҳо хароб шудаанд ва яке аз сабабҳои обхезӣ ва фаромадани ярч дар манотиқи кӯҳистон, коҳиши ҷангалзорҳост. Ҳоло ин Кумита ба хотири афзоиши ҷангалзорҳо тадобири мушаххасе рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, ҳамасола бештар аз ду миллион дарахт дар Тоҷикистон шинонида мешавад.

"Давоми соли 2015 бояд 350 хонавода аз манотиқи хавфнок ба маконҳои амн кӯчонида шаванд. Ин минтақаҳое ҳастанд, ки дигар шароити бехавф барои зист надоранд. Ин манзилҳои зист дар селроҳа бунёд шудаанд ва ё зери кӯҳе, ки эҳтимоли лағжиши кӯҳпора вуҷуд дорад. Ба ин хотири то охири сол онҳо бояд кӯчонида шаванд"- қайд кардааст сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ Ориф Нозимов.  

Муайян кардани навоҳии осебпазир бар асоси "Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим" дар ҳолест, ки менависад Радиои Озодӣ, гурӯҳи дигари корӣ то охири сол стратегияи давлатии мутобиқшавӣ ба иқлимро таҳия мекунанд. Ин барнома, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ мешавад, бояд роҳҳои ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва ҳифзи захираҳои табииро дақиқ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0