21:55 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Тамриноти муштараки неруҳои вокуниши сареъ(КСОР)-и СПАД Ҳамкорӣ-2015

Казантсев: кӯмакҳои ҳарбӣ-техникӣ ба ҶТ тақвият меёбанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
6 0 0

Ба назари раҳбари Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалӣ ва устоди Донишгоҳи давлатии робитаҳои байналмилалии Маскав, ҷаласаи ахири Шӯрои СПАД барои таъкиди нақши мусбати ин созмон, ҳимоят аз сулҳ ва субот дар Осиёи Марказӣ - минтақаи аз ҳама бештар таҳти хатар қарордоштаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳад буд.

Андрей Казантсев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалӣ ва устоди МГИМО   махсус барои Sputnik.

Яке аз  мавзуъҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои СПАД (Созмони ПАймони Амнияти Дастаҷамъӣ) баррасии чораҳои мубориза алайҳи фаъолшавии гуруҳҳои террористию ифротӣ дар Осиёси Марказӣ мебошад. Носуботӣ дар Афғонистон, таъсири манфии "Давлати исломӣ", вазъи мураккаби умумӣ дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар пайи ҷангҳо дар Украина ва ташдиди рӯёрӯйии ҷуғрофиёи сиёсӣ миёни кишварҳои Ғарбу Русия аз омилҳои афзоиши мушкилот дар минтақаи Осиёси Марказӣ мебошад.

СПАД ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат намекунад, агар…

СПАД то ҳол ҳамчун механизми дахолат кардан ба умури дохилии кишварҳои Осиёси Марказӣ истифода нашудааст, ки бештари онҳо марбут ба бархурди манфиатҳои қабилавӣ рабт доранд.

Неруҳои низомии СПАД ҳатто дар ду инқилоби ахири Қирғизистон, яке аз ҳамсояҳои Тоҷикистон ҳам истифода нашуданд. Мардуми Қирғизистон худ зарфияти тағйири қудрат дар кишварро дошт. Дар робита ба Тоҷикистон, дар пасманзари ҳаводиси ахир низ метавон гуфт, ки чунин кор сурат хоҳад гирифт.

СПАД ин худ як механизм барои таъмини амнияти кишварҳои узв мебошад, пеш аз ҳама барои ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои хориҷӣ.

Ба назар мерасад, агар низоъи марбут ба шӯриши Абдуҳалим Назарзода ё муноқишаҳои монанд аз марзи Тоҷикистон берун шаванд, агар гуруҳи шӯришӣ аз нав, мисле, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ буд, аз ҳудуди Тоҷикисон ба қаламрави Афғонистон фирор кунанд, он замон СПАД маҷбур мешавад, ки ба хотири таъмини амният дар марзи ин ду кишвар дахолат кунад. Аммо, бояд гуфт, аъзои дигари СПАД, бо шумули Русия лозим мешуморанд, ки масоили дохилии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз сӯи шаҳрвандонаш ҳаллу фасл шаванд.

Дар ғайри сурат, имкон аст, ки ибораҳое ба мисли "тасарруф аз тарафи Русия", "дахолат дар умумри дохилии як кишвари соҳибистиқлол" пайдо шаванд.

Бастани ҲНИТ барои тамоми аъзои СПАД хатар хоҳад дошт

Ҷаласаи Шӯрои СПАД замоне дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар Тоҷикистон раванди басташавии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аллакай намояндаҳои он аз парлумон берун шуданд, идома дорад. Ин ҳизб дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон неруии аслии мухолифин ба шумор мерафту тақсими қудрат миёни ҳукумату Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик сулҳ дар ин ҷумҳуриро таъмин сохт.

Аз ин рӯ, манъи фаъолияти ҲНИТ, худдорӣ аз иҷрои талаботи Созишномаи сулҳ на танҳо паёмади манфӣ ба Тоҷикистон дорад, балки ба кишварҳои дигари узви СПАД ҳам таъсири ногувор хоҳад расонд. Тавре коршиносони маъруф ҳам гуфтанд, басташавии ҲНИТ фаъолияти пасипардагии ифротгароёни диниро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳое ҳам пурзӯр хоҳад кард, ки мизбони муҳоҷирони тоҷиканд.

 

 

Мавзуҳо:
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СПАД дар Душанбе (12)
Барчаспҳо:
ҷаласаи Шӯрои СПАД, аз СПАД истифода намешавад, тағйири қудрат, таҳлили коршинос, ибрози назар, устоди МГИМО, Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти байналмилалӣ, Андрей Казантсев, Осиёи Марказӣ, Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ