01:00 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Сергей Караганов. Акс аз бойгонӣ

Караганов: авҷи терроризм дар ҷаҳон пешгӯишаванда буд

© Sputnik / Антон Денисов
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)
106 0 0

Ақибмонии фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аз ҷаҳони муосир, натоиҷи афзоиши номутавозуни демографияи Африқои Марказӣ ва Шимолӣ дар Ховари Миёна ба болоравии аъмоли террористию терроризм оварда расонид. Аммо дар доираҳои тасмимгиранда ҳеҷ кас инро дидану шунидан намехост, мегӯяд сиёсатшинос Сергей Караганов.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Хабаргузори Sputnik бо декани факултаи иқтисоди ҷаҳон ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ Мактаби олии иқтисод (НИУ ВШЭ) вохӯрда дар бораи бӯҳрони муҳоҷират, ҳалли низоъи Сурия ва мақоми имрӯзаи Русия дар арсаи ҷаҳонӣ сӯҳбат кард.

-Аз Сурия берун гардидани неруҳои низомии Русия Ғарбро дар ҳайрат гузошт. Барои шарикони эътилофи мубориза бар зидди "ДИ" (Давлати исломӣ) ин қарори ногаҳонӣ буд. Президенти Русия иброз дошт, ки вазифаҳои асосӣ иҷро шуданд, вале баръало маълум аст, ки ҷангиёнро мағлуб накарданд. Каме онҳоро такон доданд, вале пурра шикаст нахурданд. Барои чӣ Русия саҳнаро тарк кард?

— Шукри Худо, ки қисман рафтанд. Ҳузури доимии Қувваҳои ҳавоии ҳарбии Русия дар ҷангҳои Ховари Миёна боиси талафоти зиёд мешуд.

Ва баъдан, дар назди ҳукумат масъалае бармехост, чӣ гуна ин минтақаро тарк кунад ва чӣ хел барои талафотҳои ҷонӣ қасос бигирад. Мо аллакай зарбаи сахтро ҳангоми парвози ҳавопаймоҳои ҷангиамон гирифтем ва ҳамкориамонро бо кишвари қаблан дӯст-Туркия вайрон кардем.

Дуюм ин ки ҚҲҲ ФР қисми зиёди террористонро нобуд сохтанд ва иродаашонро низ шикаст доданд. То ин дам онҳо худро қаҳрамон меҳисобиданд. Агар як соли дигар интизор мешудем, онҳо ба минтақаҳои собиқ кишварҳои ИҶШС (СССР) меомаданд. Дер ё зуд онҳо ба ин ҷо хоҳанд омад, вале на чун қаҳрамонон.

Мо роҳбарияти қонунии Сирияро наҷот додем ва аз забти минтақа аз сӯи гуруҳи ба ном "Давлати Исломӣ" онҳоро халос кардем. Мо нагузоштем, то Башар Асад, ки душмани Ғарб эълон шудаст, несту нобуд  шавад. Дар охир, мо амалиёти хуби ҳарбӣ, ки бароямон наонқадар гарон уфтод, гузаронидем.

Ин амалиёт бароямон чун омӯзиши ҳарбӣ буд, мо тавонистем намудҳои нави яроқу аслиҳаамонро, ки аҳамияти аз Сурия ҳам болотар дорад санҷем. Агар мо онҳоро бе ягон баҳона истифода мебурдем, ҳама дод мезаданд, ки Русия ҷаҳонро бо ҷанги ҳастаӣ таҳдид мекунад.

Ва аз ҳама асосӣ, Маскав барои ҳамкориҳо ба Ғарб заминаи мусоид  фароҳам овард. Мо бояд шариконамонро омӯзонем, то манфиатҳои моро қоил бошанд. Муқовимати ҳамешагӣ барои ягон кишвар самараи хуб намедиҳад.

-Дар натиҷаи амалиётҳои нотамоми низомӣ дар Ховари Миёна аҳолии зиёд бе хонаву дар монданд. Ҷараёни бесобиқаи муҳоҷират ба Аврупо ба вуҷуд, ки онро поён нест. То кай Аврупо метавонад ба воридшавии ҳаррӯзаи муҳоҷирон истодагарӣ кунад?

— Ҷараёни муҳоҷиратро на фақат амалиётҳои ҳарбӣ ба бор оварданд. Ин масъала чанд реша дорад.

Қабл аз ҳамаи, ин ақибмонии фарҳангию иқтисодӣ ва иҷтимоии араб аз ҷаҳони муосир, васеъ шудани холигоҳ миёни Аврупо ва Осиё мебошад…

Баъдан, тайи солҳои зиёд афзоиши бузурги демографӣ дида мешавад. Дар Африқои Марказию Шимолӣ ва Ховари Миёна кӯдакони зиёд ба дунё омаданд, аммо ҷои кор барои онҳо вуҷуд надошт. Миллионҳо ҷавонон бо сабаби нарасидани маблағ наметавонистанд оиладор шаванд.

Авҷи терроризми ҷаҳонӣ пешгӯикунанда буд, вале бисёриҳо намехостанд воқеъиятро бубинанд ва эътироф кунанд. Дар миёни муҳоҷироне, ки худро сурӣ вонамуд мекунанд, миллатҳои дигар аз қабили покистониҳо, афғонҳо ва ироқиҳо низ вуҷуд доранд. Ин ҷараён кам намешавад. Фикр мекунам, баъди 2-3 соли дигар авҷи муҳоҷирати ҷадидро аз Африқо мебинем.

Акнун ба минтақаи наздик бармегардем…, бархе аз кишварҳои собиқ ИҶШС то ҳол ҳам дар мадори Русия қарор доранд. Шояд вақти раҳо кардани онҳо омад, то худашон рушд кунанд?

— Саволи хуб. Ин масъала дар доираи сиёсати ҷадиди хориҷии Русия дар ҷаласаи Маҷмаи Шӯрои мудофиаи сиёсати хориҷии кишвар бо иштироки Сергей Лавров ҳафтаи оянда баррасӣ хоҳад шуд.

Аз барҳам хурдани ИҶШС аллакай 25 сол гузашт ва ҳасратро бояд акнун фаромӯш кард. Аз як ҷиҳат ҳамин ҳасрат ба муносиби мо бо Украина таъсир расонд. Сиёсати оқилона лозим аст. "Қисса"-е вуҷуд дорад, ки бояд Осиёи Марказиро нигоҳ дорем. Бале, мо бояд амниятро дар ин кишварҳо пурзур кунем, чунки "Давлати Исломӣ" (ДИИШ) ба воситаи ин кишварҳо метавонад ворид шавад, аммо ҳар як ҷумҳурӣ бояд худ ҷавобгар бошад.

Мо иттифоқчиён ва иттифоқҳо дорем. Дар миёни онҳо бояд кишварҳое бошанд, ки манфиатоваранд, мо бошем бо вафодорӣ ва амният ҷавоб мегӯем.

-НАТО оҳиста-оҳиста Русияро иҳота мекунад. То чӣ андоза муттаҳидшавии аъзоёни ин эътилоф барои Русия хатарнок аст?

— НАТО то замоне, ки мо яроқи ҳастаӣ дорем, он қадар хатари бузург нест. Аммо агар Украина ба иттиҳод дохил шавад, эътилоф метавонад хашмгинтар шавад. Ин ҳодисаро мо ҳангоми бомбаборон кардани Югославия  аз сар гузаронидем.

НАТО-ро аз сарҳадҳоямон бояд дуртар нигоҳ дорем. Аз нуқтаи назари Амрико Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)- ин воситаи маҳдуд кардани соҳибихтиёрии кишварҳои Аврупо ва таҳти таъсири сиёсии худ қарор додани онҳо мебошад. Барои аврупоиён ин имконияти напардохтани маблағ барои амният аст. Бо ибораи дигар Аврупо соҳибихтиёрии худро мефурӯшад.

-Оё баъди омадани ҳокимияти нав Кохи сафед сиёсати худро бо Кремл тағйир медиҳад?

— Ба куллӣ не. Зиёиёни амрикоӣ ба қисмҳо ҷудо шудааст, хуб намедонанд, ки чӣ мехоҳанд. Зиёиёни Амрико танҳо дар як масъала созиш доранд- зарурияти барқарор кардани бартарияти иёлотҳо, ки онро аз даст дода буданд. Эътиқоди нодурусте вуҷуд дорад, ки агар Русияро тела диҳӣ, вай мисли ИҶШС аз по меафтад.

Ман фикр мекунам, ки баъди 5-7 сол мо ҳамкориҳои хуби созанда ва бигзор каме сард ҳам хоҳем дошт. Ягон азнавбарқроркуниҳо ёрӣ намерасонанд. Амрико баробариро намеписандад. Агар Амрико  баробарии Русияро эътироф кунад, вай бояд бартарияти Чинро, ки вақтҳои наздик пурқудраттарин кишвари дунё хоҳад шуд, низ қабул намояд.

- Ғарбу Русия бо вуҷуди гуногунии мавқеъҳояшон дар як масъала ҳамбастагӣ доранд: мубориза бо терроризм. Ин ҷо чӣ ниҳон аст?

— Барои ақиб рафтан ИМА тайёр нест. Ба ҳеч кас монанд набудан дар хуни америкоиҳо ҷой дорад, мисли кӯшиши мо ба соҳибихтиёрию амният. Терроризм чуноне, ки ман қайд кардам решаҳои чуқури иҷтимоию иқтисодӣ дорад. Мубориза вазнин мешавад. Террористонро бояд решакан кард, ҳар чӣ бештар, ҳамон қадар хубтар. Сарҳадҳоро бастан лозим, аҳолиро ба муборизаи шадид бояд тайёр кард. Талх аст дар бораи ин гуфтан, вале дар ин масъала усулҳои мусолиҳатомез ба кор намеоянд.

 

Мавзуҳо:
Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ: аз ҷанг то ҳамлаҳои хакерӣ (5)

Мавзуъ

Ифшои ному насаби ҳазорон ҷангии "Давлати исломӣ"
Барчаспҳо:
андеша, назар, мубориза, пешгӯӣ, терроризм, ҷанг, ВШУ, Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ Мактаби олии иқтисод, НАТО, Сергей Караганов, Югославия, ИҶШС, Ховари Миёна, СССР, Ироқ, Сурия, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ