Маҳдуд намудани фаъолияти муҳоҷирон ба иқтисоди Русия зарари ҷиддӣ меорад

© Sputnik / Александр Натрускин / Гузариш ба медиабонкАъзои шӯрои ҷамъиятии РХМР дар Маскав Юрий Московский. Акс аз бойгонӣ
Аъзои шӯрои ҷамъиятии РХМР дар Маскав Юрий Московский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қарори ҳукуматдорони вилояти Навосибирс дар маҳдуд намудани фаъолияти муҳоҷирон яктарафа мебошад, меҳисобад аъзои Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Масква Юрий Московский.

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Муовини раиси Думаи давлатии Русия, намояндаи Ҳизби либерал-демократи Русия Юрий Лебедев изҳор кард, ки ба муҳоҷирони меҳнати бояд фаъолият дар соҳаи маориф, ронандагӣ ва ғайраҳо манъ карда шавад. Ин гуна маҳдудият аллакай дар яке аз минтақаҳои Русия вилояти Навосибирск ба амал татбиқ ёфтааст. Акнун Лебедев таклиф намудааст, ки ин амали ҷониби Сибирро дар тамоми Русия паҳн кунанд.

Натиҷаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятии ин қадам чӣ мешуда бошад? Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон аз аъзои шӯрои ҷамъиятии РХФМ дар Маскав, директори Фонди робитаҳои байналмиллалӣ "Добрососедство" Юрий Московскийро пурсон шуд.

Губернатори вилояти Новособирск Владимир Городетский. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Губенатори Новосибирск ба муҳоҷирон дар мактаб кор карданро манъ кард

Бадбинии нажоди яке аз роҳҳои нобудшавӣ мебошад

Шумо қарори губернатори вилояти Навосибирскро чӣ тавр қабул мекунед? Ба фикри Шумо он самаранок аст ё не?

-          Ба фикри ман ин тавқиф — кӯшиши бефоида аст. Аммо дар қонунгузории мо иҷозат дода мешавад, ки маъмурияти минтақаҳо ин намуд қарорҳоро, агар онро лозим донанд, метавонанд худашон қабул намоянд. Агар губернатор ба хулосае омада бошад, ки дар вилояти вай кадрҳои шаҳрвандидошта расанда мебошад ва шаҳрвандони хориҷӣ дар ин соҳаҳо лозим нестанд, пас барои чӣ не?

Аз дигар тараф бошгад ин гуна иқдомҳоро бояд аввал фикр кард ва пас ба қонун ҷорӣ намуд. Ба мисоли он, ки шояд бо дояҳои хориҷӣ кӯдакон унс гирифта бошанд.  Барои чӣ онҳоро аз кор хориҷ кунем? Дар соҳаи тандурустӣ ҳам ҳамин тавр. Чуноне ки ман медонам ба Русия ҳамшираҳои шафқат намерасанд. Бояд пеш аз чунин қарорҳои ҷиддиро қабул кардан даҳҳо маротиба андеша кард.

-          Ин ба фикри Шумо қарори шитобкорона мебошад?

Гуфтанаш мушкил аст. Ба фикри бисёри ҳамкорони мо аҳолӣ шаҳрвандони хориҷиро дӯст намедорад. Басёре аз онҳо тайёранд, ки ин иқдомро пеш гиранд. Бахусус пеш аз саршавии интихобот.

-          Ин чунин маъноро дорад, ки дар интихоботҳои омадистода ҳам ин мавзӯъ густариш меёбад?

-          Намедонам, аз таҳти назари нуқтаи интихобӣ ҳам, таҷриба нишон додааст, ки иқдоми зиддимуҳоҷирӣ самаранок нест. Бо он ба ягон натиҷа намерасанд.  Ин аз интихоботи соли 2013 баръало ҳис карда мешавад.

Муҳоҷирони меҳнатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Даромади муҳоҷирон ба буҷаи Маскав аз ширкатҳои нафтӣ зиёдтар аст

Он вақт баёноти зиддимуҳоҷирӣ дар Маскав хело хуб истифода мешуд. Дар вилояти Маскав бошад не.  Дар натиҷа Андрей Воробёв дар интихобот холҳои бештар ба даст овард. Аммо дар Маскав Аликсей Наволний ҳамаги 27% овозҳо ба даст оварду халос. Яъне изҳороти зиддимуҳоҷирӣ на ба ҳукуматдорон ва на ба зидди онҳо фоидаовар нест.

Дар ҷамъияти русӣ на он қадар муҳоҷиронро бад мебинанд.

Масъалан дар хонаи ман дояи хориҷӣ кор мекунад.Ман чӣ кор кунам, баъди ин фармон вайро аз кор хориҷ кунам? Ё дар тиб 15 ҳамшираи хориҷӣ кор мекунад, онҳоро аз кор берун кардан ба фоидаи табобатхона нест. Ин ба шаҳрвандони Русия, ки бе ёрии тиббӣ мемонанд магар зарар намерасонад?

Зарар ба иқтисодиёт

-Агар ин қонунро дар ҳама ҷо қабул кунанд натиҷаи муносибатҳои сиёсӣ чӣ гуна мешавад?

— Дар он вақт мушкил аст, ки чӣ мешавад. Масъалан дар Иттиҳоди АвруОсиё. Дар Русия ҳуқуқи кортаъминшавии шаҳрвандони Қирғизистон, Белорусия, Армения бо шаҳрвандони давлат баробар аст.

Пас ин одамон бо фармони мазкур дар ин соҳаҳо дигар кор намекунанд? Ин фармон ба шаҳрвандони Қирғизистон, Белорусия, Армения дахолат мекунад?  Ё он танҳо ба Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Гурҷистон ва Украина дахл дорад?

—  Ба ҷойҳои холишуда шаҳрвандони рус ба кор меоянд?

—  Мақсади ман ҳам ҳамин аст! Яъне мо метавонем, хориҷиёнро хориҷ кунем, аммо аз дохили шаҳрвандони Русия шояд ин мутахассисон нарасанд. Дар Русия сатҳи  бекорӣ на он қадар доман густурдааст. Махсусан дар шаҳрҳои калон чун Новосибирск.

-   Чунин қонун ба иқтисоди Русия зарар меорад?

—  Бале, ба иқтисоди Русия зарар меорад. Ба шаҳрвандони Русия ҳам зарар меорад.  Ҳоло думаи давлатии Русия лоиҳаи қонуни осонкунии қонунҳои муҳоҷиратро пешниҳод кардааст.

—  Дар ҳолати мавҷуд будани ду қонунвайронкунии маъмурӣ ба муҳоҷирон омадан ба Русия манъ карда мешавад. Қариб 1700 ҳзр муҳоҷирон манъ карда шудаанд. Ба фикри ман ин иқдом ба иқтисоди Русия зарари калон расонид.

—  Кадом зарар, яке наояд дигаре омадаст

—  Масъалан соли гузашта дар бозори сохтмон маҳдудият дида шуд. Ин бо он марбут буд, ки ба корхонаҳои туркӣ кор кардан дар Русия манъ гашт. Агар онҳо кор накунанд, биноҳоро ҳам намесозанд. Бисёре аз корхонаҳои русӣ ба ин иқдом тайёр набуданд.

—  Дар асл коргаронро ёфта бояд бо онҳо шартнома баст. Масъалан ман шаҳрванди Русия дар ширкати хориҷӣ кор мекунам, агар хориҷиён набошанд, ширкат ҳам нест, ман ҳам наметавонам дар ширкати хориҷӣ кор кунам.

— Иқтисоди кишвари мо капиталистӣ аст, яъне дар ин ҷо қувваи корӣ маҳсулот ба ҳисоб меравад. Зеро он истеҳсол мекунад. Агар қувваи корӣ набошад- истеҳсолот ҳам намешавад.

—  Дар Ғарб ин хело хуб истифода мешавад. Дар мо дар ин бора фаромӯш карданд. Кӯшиши ихтирои такрорӣ мекунанд, ки аллакай дар дигар давлатҳо ихтироъ шудааст.Масъалан дар Чин. Дар ҳукумати онҳо марксистон менишинанд. Онҳо формулаи марксистиро фаъолона истифода мебаранд. Нигоҳ кунед: Чин чӣ гуна тараққӣ меёбад. Барои он ки онҳо як чизи соддаро мефаҳманд: қувваи корӣ маҳсулот ба ҳисоб меравад.

Аммо дар Чин ҷойҳои корӣ пеш аз ҳама аз они шаҳрвандони худашон мебошад. Баъд ба дигарон. Агар  ин формуларо истифода барем, агар шаҳрвандони Русия дар  бозори меҳнат кофӣ бошад, пас барои чӣ иқдоми губернаторро қабул накунем. Агар шаҳрвандони худамон тайёр бошанд, ки ин ҷойҳои кории холимондаро ишғол кунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0