15:38 24 июни 2017
Пахши мустақим
Дмитрий Абзалов, Акс аз бойгонӣ

Абзалов: хоби даҳшатангези ИМА-иттиҳоди Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ

© Sputnik / Руслан Кривобок
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Ба гуфти президенти Маркази стратегии алоқаи ФР Дмитрий Абзалов, ИМА наметавонад якбора дар чанд нуқтаи ҷаҳон дар низоъҳои мусаллаҳона иштирок кунад

Ба қавли коршинос щузури фаъоли ИМА дар Сурия, Осиёи Марказӣ, Ливия, Ироқ, Афғонистон, Амрикои Лотинӣ аз Амрико маблағи калонро талаб мекунад.

-Оё дар ҳақиқат ҳам ИМА аз Осиёи Марказӣ манфиатхоҳ нест ё ин падидаи муваққатӣ аст?

— Вашингтон ҳамеша манфиатдории худро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад. Ин дар ҳузури доираҳои сиёсии ИМА зимни интихобот дар Қирғизистон баръало ҳис мешуд. Узбакистон, ки аз ҷиҳати захираҳои энергетикӣ ба ИМА лозим аст. Ва албатта Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади якҷоя дорад.

 —Вале дар ҳоли ҳозир ҳузури Чин дар қаламрави минтақа баръало ҳис мешавад…

— Албатта. Хоби даҳшатбори ИМА-ин иттиҳоди Русия ва Чин дар Осиёи Марказӣ мебошад. Қаблан барои кам кардани ҳузури ин ду кишвар дар Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон ИМА бо истифода аз кормандони воломақоми тоҷик, масалан табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии генерал Назарзода ҳузури худро дар минтақа мустаҳкам мекард.

ИМА барои мустаҳкам кардани таъсири худ дар Афғонистон доимо манфиатдор аст. Узбакистон аллакай бо Чин муносибатҳои мустаҳкам дорад ва ИМА бо ин ягон кор карда наметавонад. Дар ояндаи наздик ИМА наметавонад ҳузури худро дар Осиёи Марказӣ зиёд гардонад, танҳо тавассути фишангҳои алоҳида таъсири худро мерасонаду халос. Дар ҳоли ҳозир ИМА диққати худро ба Амрикои Лотинӣ, ки дар он ҷо дар низоми Николас Мадуро мушкилиҳо сар заданд, равона кардааст.

-Коршиносон мегӯянд, ки муносиботи ИМА ва Русия аз шакли ҷанги сард гузашта ба муқовимат табдил меёбад. Шумо чь фикр доред?

— Тезу тундшавии муносиботи байни Русия ва ИМА хусусияти интихобӣ дорад. Набояд фаромӯш кард, ки баъди интихобот дар ИМА, дар Фаронса ва Олмон низ раъйпурсӣ баргузор мешавад. Ва соли 2017 боз аз сари нав масъалаи таҳримҳо нисбати Русия аз сар нав баррасӣ мегарданд.

Фикр намекунам, ки то охирҳои соли 2017 муносиботи Русия ва ИМА гарм шавад. Муқобилият то интихоботи президентӣ идома хоҳад кард. Вале як чизро аниқ гуфтан мумкин аст, ки муқовимати мукаммал зидди Русия ғайриимкон аст, чун ин ҷо далели яроқи ҳастаӣ мавҷуд аст. Ягон давлат барои Сурия ва Украина бар зидди Русия ҷанг эълон намекунад.

Барчаспҳо:
муносибати ИМА ва Русия, ҳамкорӣ, Дмитрий Абзалов, Осиёи Марказӣ, Чин, ИМА, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ