04:27 25 майи 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, акс аз бойгонӣ

Барои чӣ Мирзиёев мехоҳад бо Тоҷикистон дӯстӣ кунад

© Sputnik
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
12732

Пас аз фавти аввалин президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов Тошкент фаъолона кӯшиш карда истодааст, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ муносибатҳои хуб барқарор кунад

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Сабаби фаъол гардидани Ӯзбакистонро дар сиёсати минтақавӣ ва оқибатҳои сохтмони НБО Роғун  дар муносибати Тошкент ва Душанберо  Sputnik Ӯзбакистон аз коршинос оид ба Осиёи Марказӣ Александр Шустов пурсон шуд.

Тайи моҳҳои охир Ӯзбакистон бо ҳамсоягони хеш фаъолона ба муколама баромада истодааст ва кӯшиши ҳалли мушкилиҳои кӯҳанаро намуда, мехоҳад бо ҳамсоягонаш муносибати нек барқарор намояд. То ҳол Тошкент бо Бишкек муносибатҳои худро хело хуб барпо карда тавонистааст: ҳайъати ҳукуматҳои ҷонибҳо ба кишварҳои якдигар ташриф овардаанд, комиссия оид ба сарҳад масъалаҳои назди сарҳадиро дида баромада истодааст, вилоятҳои наздисарҳадӣ бошанд ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонидаанд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон низ ба таври нек пеш рафта истодааст- ҳафтаи гузашта маълум гардид, ки  хатҳои ҳавоӣ барқарор карда мешавад. Пештар  ҳамчунин дар бораи қатъ намудани низоми раводид низ, гуфтаҳо ба назар мерасиданд. Аммо тамоюли умумиро метавонад саршавии сохтмони НБО Роғун, лоиҳае ки пештар низ ҷониби ҳамсоякишварро нигарон намуда буд, халалдор созад.

Дар бораи сабабҳои "карахтшавии" муносибатҳои дуҷониба ва дар он бора, ки сохтмони НБО Роғун чӣ гуна метавонад ба муносибатҳои Тошканд  таъсир расонад,  Sputnik Ӯзбекистон бо номзади илмҳои таърих Александр Шустов сӯҳбат доир намуд.

-Сабаби фаъол гардидани Тошканд дар беҳбуд намудани муносибатҳо бо ҳамсояҳо дар чист?

— Пеш аз ҳама омили шахсӣ нақши муҳимро мебозад. Мирзиёев пеш аз ҳама намехоҳад бо ҳамсоягонаш муносиатҳои тақобулӣ дошта бошад. Баъд аз он пеш аз интихобот вай бояд дастовардҳои худро пешкаш кунад.

Ин дастовардро  танҳо ба зудди метавон дар кишварҳои осиёимиёнагӣ ба даст овард. Зеро осон намудани масъалаи гумрук пеш аз ҳама барои сокиноне, ки дар ҳамсоякишвар ақрабо доранд, хуш меафтад.

Беш аз он Осиёи Марказӣ — минтақаи тарканда мебошад ва ҳал намудани мушкилиҳои наздисарҳадӣ дар таҳкими субот мусоидат хоҳад кард, ки аз он ҳамаи давлатҳои минтақа бурд мекунанд.

Ҳамаи ин ба имиҷи Шавкат Мирзиёев таъсир мерасонад ва дар зиёд шудани шӯҳрати вай мусоидат мекунад.

-Ба муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон саршавии сохтмони нерӯгоҳи НБО Роғун чӣ гуна таъсир мерсонад?

— Ба муносибатҳои тоҷикиву ӯзбекӣ саршавии сохтмони сарбанд баметавонад ба таври мусбӣ таъсири хешро расонад. Ба он нигоҳ накард, ки ҳукумати Ӯзбакистон вақтҳои охир  мақсадҳои беҳбуд намудани муносибатҳои хешро баён месозад, мушкилии истифодаи захираҳои обӣ дар муносибатҳои тарафайн нақши муҳимро мебозид ва ҳамин тавр хоҳад монд.

Ӯзбакистон ҷиддан аз Амударё вобаста мебошад. Маҳдуд намудани ҷараёни об, ки ҳангоми оғоз намудани сохтмони НБО Роғун,  ба амал меояд, метавонад муносибатҳоро дубора ба "карахтии" солҳои "даҳум" баргардонад, ки он вақт воқеан байни Тоҷикистон ва Ӯзбакитстон ҷанги сард мерафт.

-Мушкилии Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар баррасии сохтмони НБО Роғун дар чист?

— Мушкилиҳои муштарак ва иддаои ду кишвар  аллакай маълум аст ва чандбора дар изҳороти расмӣ ва нашрияҳои  матбуот аз тарафи ҳар ду ҷониб иброз ҳам карда шудааст. Ба Тоҷикистон нерӯи барқ лозим аст, ки қисме аз онро содир кардан мехоҳад. Дар ин ҳолат Ӯзбакистон аз оби воридмешуда вобаста мешавад.

Пас аз сохтмони НБО Тоҷикистон метавонад ҷараёни Вахшро ба танзим дарорад- ин воситаи пуриқтидоргардонии  нуфуз мешавад. Аз ин бармеояд, ки Тошканд дар натиҷаи бунёди НБО на танҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ- норасоии об дар хоҷагии қишлоқ метарсад, балки аз ҷанбаи сиёсӣ, ки Душанбе онро метавонад ҳамчун воситаи фишор истифода барад.

Ба ғайр аз ин минтақа экосистемаи нозук дорад, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз "сохтмонгҳои бузурги сотсиализм" осеб дидааст. Таназзул ёфтани он шиддатёбии иҷтимоиро зиёдтар мегардонад.

Ягона роҳи халосӣ аз ин мушкилӣ — ин гуфтушунидҳои дуҷонибҳо мебошад, ки дар рафти он тарафайн метавонанд қарори мавриди қабули ду ҷонибро  ба даст оранд.

Барчаспҳо:
таъсири НБО ба муносибатҳои ҳамсоягон, НБО "Роғун", Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон- Ӯзбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ